Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ҷаҳонгардони амрикоиро ба зудӣ раҳо намекунад


Алоеддин Буруҷердӣ-раиси кумитаи амният ва сиёсати хориҷаи Маҷлиси Эрон гуфт, 3 нафар ҷаҳонгардони амрикоӣ, ки моҳи июли соли 2009 дар қаламрави Эрон богздошт шудаанд, ба зудӣ раҳо нахоҳанд шуд. Хонаводаҳои ин 3 ҷаҳонгард мегӯянд, онҳо дар шимоли Ироқ ба сайёҳӣ машғул будаанд ва худашон эҳсос накардаанд, ки ба қаламрави Эрон гузаштаанд. Эрон ин 3 нафарро ба ҷосусӣ муттаҳам мекунад. Буруҷердӣ ёдоварӣ кард, ки соли 2007 нируҳои амрикоӣ дар Ироқ 5 нафар дипломатҳои эрониро боздошт карда буданд ва тақрибан 2 сол раҳо накарданд.
XS
SM
MD
LG