Пайвандҳои дастрасӣ

Муқаррарот барои бензини бепул дар Туркманистон


Дар Туркманистон барои додани бензини ройгон ба шаҳрвандони ин кишвар муқаррароти нав ҷорӣ шуд. Ҳар шаҳрванд бо шиносномаи туркманӣ, бо шиносномаи мошин ё техпаспорти мошин ва санади ронандагӣ метавонад аз бонкҳо купони бензини ройгон бигирад. То ҳол барои гирифтани купон санади ронандагӣ зарур набуд. Тибқи чунин муқаррарот, ронадаҳои мошинҳои хусусӣ ҳар моҳ ҳақ доранд барои 120 литр бензини бепул купон бигиранд. Ронандагони автобусу трактор ва мошинҳои борбар ҳар моҳ 200 литр ва мототсиклҳо 40 литр бензини ройгон мегиранд.
XS
SM
MD
LG