Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба маблағи беш аз 91 млн доллар саҳмия фурӯхтаанд


Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар рӯзи аввали ба бозор омадани саҳмияҳои сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон сокинони ин кишвар ба маблағи 91,5 миллион доллар саҳмия харидорӣ кардаанд. Фурӯши саҳмияҳо дар саросари кишвар идома дорад. Маълумот дар бораи фурӯши он дар вазорати молия гирдоварӣ мешавад. Дар Тоҷикистон ҳоло 580 нуқтаи фурӯши саҳмия зери назари "Амонатбонк" фаъолият мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи 6 миллиард сомонӣ саҳмия ба фурӯш гузоштааст. Коршиносон мегӯяд, агар ҳамаи ин саҳмияҳо ба фурӯш равад, дар он сурат бо ин маблағ 2 чарха ё 2 агрегати ниругоҳи Роғун сохта мешавад. Ниругоҳи Роғун дорои 6 чарха мебошад.
XS
SM
MD
LG