Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони Блэквотер барои куштор маҳкум шуданд


Ду нафар кормандони қарордодии ширкати Блэквотер Ҷастин Каннон ва Крис Дротлефф барои куштори ду нафар афғон дар Афғонистон ба муҷозот маҳкум шуданд. Онҳо соли гузашта баъд аз як ҳодисаи нақлиётӣ дар Кобул ду нафар афғонро ҳадафи тир қарор доданд. Ҷастин ва Крис дар мусоҳибаи ахири худ бо хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфта буданд, ки тирандозии онҳо ба сӯи ин ду нафар афғон сабаб доштааст. Ронандаи афғон мошини худро босуръат ба суи мошини онҳо рондааст ва он бо ҳодисаи нақлиётӣ поён ёфтааст. Дар ин тарандозӣ як нафари дигар ҳам ҷароҳат бардоштааст. Баъд аз ин ҳодиса Ҷастин Каннон ва Крис Дротлефф аз кори худ барканор карда шуданд, зеро муқаррароти қарордоди худро риоят накарданд.
XS
SM
MD
LG