Пайвандҳои дастрасӣ

Саҳмия ва Роғун. Дар ин шабурӯз дар Тоҷикистон беш аз ҳар калимаи дигар ҳамин ду вожа вирди забонҳост. Ҳамаи 4 шабакаи телевизиони давлатӣ пайгирии соъир масоилро ҳаддалимкон канор гузошта, бештари эфири худро ба маъракаи рӯзи 6 январ шурӯъшудаи фурӯши саҳмияҳои Роғун бахшидаанд.

Дар ин расонаҳо ҳолиё сӯҳбати ҳама аз харидани саҳмияҳои Роғун ва ташвиқи бақия ба ин маърака аст.

РОҒУНШОҲ ВА САҲМИЯБОНУ

Коре ба ҷое расида, ки дар вилояти Суғд тифлеро, ки рӯзи 6 январ дида ба ҷаҳон кушод, волидонаш Роғуншоҳ ном гузошта, барояш алакай аз саҳмияҳои Роғун харидорӣ кардаанд. Дар ноҳияи Ёвон як падару модар мехоҳанд тифли навзоди худро Саҳмия ном диҳанд. Саҳмия баробари таваллуд соҳиби ду саҳмияи ҳар кадом 5000-сомонигии Роғун шуд, ки якеро падару модар ва саҳмияи дуввумро раиси ноҳия ба ӯ тӯҳфа кардаанд.
Ва фақат Роғун набуд. Бояд дар Кӯлоб корхонаи аккумуляторсозӣ сохта мешуд, ки пеши роҳи онро гирифтанд...


Бино ба ҳисобҳои расмӣ, алакай дар рӯзи нахустини фурӯши саҳмияҳои Роғун, яъне 6 январ, дар 583 нуқтае, ки “Амонатбонк” дар саросари Тоҷикистон боз кардааст, ба маблағи қариб 400 миллион сомонӣ, ё худ беш аз 90 миллион доллар саҳмия фурӯхтаанд. Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, изҳори итминон кард, ки танҳо сокинони пойтахт то поёни сол ба маблағи то 400 миллион доллар аз ин саҳмияҳо хоҳанд харид: “Садақот лозим нест, хайрия лозим нест. Агар имконият доред, саҳмия харед!”

ТАЪРИХЧАИ РОҒУН

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун, ки иқтидори ниҳоияш 3600 мегаватт баровард мешуд, ҳанӯз соли 1976 шурӯъ шуда, қарор буд, ду чархаи аввали он алакай дар соли 1990 ба тавлиди нирӯи барқ шурӯъ кунад. Аммо ин нақша иҷро нашуд ва бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ғарқ шудани Тоҷикистон идомаи сохтмони нирӯгоҳ билкулл қатъ шуд.

Бархе мегӯянд, сардамдорони Иттиҳоди вақти Шӯравӣ алакай дар миёнаи солҳои 80 бо дарки кам мондани умри ин салтанат ба коҳиш додани маҷрои маблағгузории сохтмонҳои бузург дар ҷамоҳири шӯравӣ пардохта буданд.

Аммо Бӯрӣ Каримов, аз шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, ки дар поёни солҳои 80 муовини сарвазир ва раиси кумитаи барномарезии ин кишвар буд, мегӯяд: “Рӯирост гуфтан, ки Марказ ин корҳоро махсус мекард, “сабзҳо”-ро махсус ташкил карда буд, ба фикри ман, аз рӯи инсоф нест. “Сабзҳо”-е, ки дар дохили кишвар буданд, то андозае нодуруст рафтор карданд ва монеъи сохтани нирӯгоҳи Роғун шуданд. Ва фақат Роғун набуд. Бояд дар Кӯлоб корхонаи аккумуляторсозӣ сохта мешуд, ки пеши роҳи онро гирифтанд. Дар Шаҳритӯс бояд корхонаи семент месохтанд, ки пеши роҳи он ҳам гирифта шуд. Ҳарчанд баъзе даъватҳои “сабзҳо”, аз ҷумла дар мавриди кам кардани баландии сарбанди Роғун ва ё тибқи меъёрҳои экологӣ сохтани корхонаҳои саноатӣ шояд дуруст ҳам буд, вале на ба андозае ки пеши роҳи ин сохтмонҳоро гирифта, ба иқтисоди кишвар зарар бирасонанд.”

“ВА-БАНК” РАФТАНИ ДУШАНБЕ


Баъди солиёни ҷустуҷӯи бенатиҷаи сармояи хориҷӣ барои анҷоми сохтмони нотамоми нирӯгоҳи Роғун давлати Тоҷикистон акнун мисле ки ба таъбири маъруф, “ва-банк” рафтаву мехоҳад ин нирӯгоҳро худ бисозад.

Ду сол боз барои Роғун дар будҷаи давлатии Тоҷикистон то 150 миллион доллар маблағ ҷудо мешавад. Давлат ҳамзамон аз 6 январ саҳмияҳои ин нирӯгоҳ бо қиматҳои номиналии 100, 500, 1000 ва 5000 сомониро ба бозор баровард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи шурӯъи фурӯши саҳмияҳо бо паёми вижае ба мардум муроҷиат кард, ки ба гунаи бесобиқае моломоли таъкиду ишораҳо ба фармудаҳои дини Ислом буд ва қариб ҳар ҷумлааш ба ҳиссиёти диниву ватандӯстии мардум нохун мезад.

Оқои Раҳмон дар ин паём сохтмони нирӯгоҳи Роғунро имтиҳони ҷиддие барои Тоҷикистон хонд ва гуфт, мардуми тоҷик чорае ба ҷуз аз сохтани Роғун ва расидан ба ин ормони, ба гуфтаи ӯ, дерина надорад: “Имрўз таърих бар дўши мову шумо – мардуми шарофатманду сарбаланд ва озодаву худшиноси тоҷик боз як рисолати бузург - бунёди кохи нурро гузоштааст. Ин барои насли мо ҳам масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузург мебошад! Он рўз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт! Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрўзу фардои мост! Роғун ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст!”

ЧАРО ДУШАНБЕ ДАР РОҒУН ТАНҲО МОНД?

Дар заминаи эҳдоси Роғун то ҳол бо Русия ду созишнома имзо шуда буд: Яке дар соли 1994 ва дуввумӣ дар соли 2004 бо ширкати “Русский Алюминий”, ё худ РусАл, ки барои сохтани нирӯгоҳи Роғун 570 миллион доллар ваъда карда буд.

Вале дар ниҳоят баҳси ду ҷониб бар сари баландӣ ва шеваи бунёди сарбанди нирӯгоҳ ҳалл нашуд ва давлати Тоҷикистон ин қарордодро ба сурати якҷониба лағв кард. Талошҳои баъдии Душанбе барои ҷалби кишварҳои дигар ва ниҳодҳои байналмилалии молӣ, назири Бонки ҷаҳонӣ, ва ҳатто ваъдаи таъсиси як консортсиуми байналмилалӣ дар заминаи Роғун натиҷае ба бор наовард.

АММО УЗБАКИСТОН…


Душанбе иллати аслии ин нокомиҳояшро дар мухолифати Узбакистон ба сохтмони Роғун мебинад, на дар баҳсҳои ғайриусулие бар сари масалан, ин ки сарбанди Роғун бояд бо кадом баландӣ ва оё аз семент сохта шавад, ваё аз сангу хок.

Коршиносон дар чунин шароити барояш тангшуда такя ба нирӯи дохилӣ кардани давлатро як нуқтаи усулии чархиш дар тасмимгириҳои Душанбе ва ба сурати умум мусбат мехонанд. Аммо Бӯрӣ Каримов, ки бо Радиои Озодӣ аз Маскав сӯҳбат мекард, мегӯяд, Душанбе ҳамчунон мулзам аст, мувофиқати Русияву Узбакистон ба сохтмони Роғунро ба даст биоварад, вагарна ба хусус Тошканд бо истифода аз аҳроми фишоре, ки дар ихтиёр дорад, метавонад дар оянда ҳам эҳдоси ин нирӯгоҳро дучори мушкилоти ҷиддӣ кунад: “Фурӯхтани саҳмияҳо масъалаест, ки давлат дар шароити феълӣ ба ғайри он илоҷе надорад. Вале бо роҳи фурӯши саҳмияҳо ва ҷамъ кардани пули мардум сохтани нирӯгоҳе, чун Роғун, корест дандоншикан. Ба назари ман, бояд ба ду масъала ҷиддан таваҷҷӯҳ шавад. Яке аз хориҷ ҷалб кардани сармояе, ки намерасад. Ва дуввум, хуб кардани муносибот бо Русия ва Узбакистон. Барои мисол, чархаҳоеро, ки бояд дар нирӯгоҳи Роғун ба кор андохта шаванд, мо аз тариқи роҳи ҳавоӣ оварда наметавонем. Маҷбурем, тавассути хоки Узбакистон биорем. Ва ба ин далел бояд коре кард, ки Узбакистон дар сохтани нирӯгоҳҳо бо мо ҳамкор ва шарик бошад, на инки душманӣ биварзад.”

САҲМИЯРО ДАР КУҶО МЕТАВОН ФУРӮХТ?


Ва аммо дар пасманзари ин ҳама шӯру шар ва ҳавои “ура-патриотизм”-е, ки Тоҷикистонро фаро гирифтааст, як суоли матрӯҳа дар зеҳнҳо ин аст, ки фурӯши саҳмияҳои Роғун аз нигоҳи ҳуқуқиву иқтисодӣ оё дуруст роҳандозӣ шудааст? Ва дар ин шароити камбуди сармоя ва муҳимтар аз он, камбуди ҷиддии муттахассисоне, ки таҷрубаи кофии эҳдоси чунин нирӯгоҳҳои бузургро дошта бошанд, тавони Душанбе то куҷо барои эҳдоси мустақилонаи чунин нирӯгоҳи бузург кифоят мекунад?

Як масъалаи муҳими ҳаллношуда, ба эътиқоди таҳлилгарон, адами бозори фурӯши саҳмия дар Тоҷикистон аст ва набуди чунин бозор саҳмияи Роғунро дар дасти соҳибаш ба як қоғази тақрибан беқурбе табдил медиҳад, ки ӯ ба ғайр аз тӯҳфа кардан ваё ба касе мерос гузоштани саҳмияаш ҳаққи аз ин бештаре бар он надорад.

Баҳром Шарифов, коршиноси масоили бонк ва бозори авроқи гаронбаҳо, мегӯяд, дар пайи хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон дастикам 280 ҷамъияти саҳҳомӣ таъсис ёфт, ки бар пояи нашри саҳмияҳо фаъолият мекунанд, вале эҷоди бозори фурӯши авроқи гаронбаҳо метавонист фурӯши саҳмияҳои бештари нирӯгоҳро таъмин ва заминаро барои рушди беҳтари иқтисоди Тоҷикистон ҳамвор кунад.

ТАҶРИБАИ САНГТӮДА


Дар мавриди сарнавишти саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун бисёриҳо ба таҷрубаи талхи саҳмияҳои нирӯгоҳи Сангтӯда ишора мекунанд, ки дар миёнаи солҳои 90 ҷабран ба мардум фурӯхтанд, вале давлат аз тақдири баъдии ин саҳмияҳо дам фурӯ баста, чанд сол пеш 75 дарсади саҳмияҳои нирӯгоҳи Сангтӯдаро дар ивази қарзҳояш ба Русия дод. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахири худ тааҳҳуд супурд, ки давлат кафолати сармояи дар Роғун гузоштаи мардумро медиҳад, вале ӯ низ ёде аз саҳмияҳои Сангтӯда накард, ки оё Душанбе дар фикри ҷуброн кардани пули дар Сангтӯда гумкардаи мардум ҳаст ё хайр?

Иқтисодшиноси шинохтаи тоҷик Бӯрӣ Каримов боз аз як таҷрубаи дигари барбод рафтани саҳмияҳои ба мардум додаи давлати Тоҷикистон ёдоварӣ кард ва низ таъсиси бозори озоди фурӯши саҳмияҳоро дар Тоҷикистон амри лозим хонд: “Бояд ки мо бозори ин саҳмияҳоро хеле хуб гардон кунем, то битавонем, ки ҳам саҳмияҳоро бихарем ва ҳам боварӣ дошта бошем, ки он барои мо дар оянда фоида хоҳад овард ва ҳам дар ҳар вақти бароямон лозим ин саҳмияҳоро ба дигарон фурӯхта тавонем. Вагарна метавонад таҷрубаи саҳмияҳои замин такрор шавад, ки баъзеҳо бо роҳи фиреб ин саҳмияҳоро аз дасти мардум ҷамъ оварда, соҳиби замини зиёд шуданд ва бисёриҳо, бахусус мардуми деҳқон тамоман безамин монд.”

АММО ФАСОД…


Коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба фасоди густурда дар кишвар эҳтимоли ба пули дар Роғун гузоштаи мардум низ даст задани мақомоти фосидро хеле воқеъӣ ва омили дигаре медонанд, ки дар ғайри сурати ҷилавгирӣ шуданаш метавонад Душанберо дар ин барнома ҳам бадном кунад.

Ба назари таҳлилгарон, ба сурати умум иштиёқи феълии мардум барои ширкат дар маъракаи эҳдоси нирӯгоҳи Роғун хеле самимист ва пеш аз ҳама ба ҳисси ватандӯстӣ ва ҳам ба вазъи сангини зиндагии ин мардум бармегардад, ки дар тӯли 7 ило 8 моҳи фасли сармо нирӯи барқро қариб намебинад.

Ин мардум, ки инак аз луқмаи бе ин ҳам фақиронаи худ боз ҳам нимеро кам карда, барои харидани саҳмияҳои Роғун навбат мепояд, дар ин сохтмон ҳамон шӯълаи умедеро мебинад, ки бояд онҳоро ба як ояндаи дурахшон ва беҳтар бирасонад. Ва давлати Тоҷикистон, ки дар тарҳи Роғун алорағми ҳама ҳамсоягони дуру наздик ва дӯстону шарикони собиқу содиқ “ва-банк” рафтааст, дар чунин шароит мулзам аст, ки мардумашро ин дафъа ҳам аз худ ноумед накунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG