Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович гуфт, Украинаро аз НАТО дур хоҳад кард


Номзади интихоботи президентии 17-уми январи Украина, Виктор Янукович, гуфт, агар интихоб шавад, кишварашро ба дур аз НАТО нигоҳ хоҳад дошт. Янукович дар соли 2004 бо иттиҳоми фасод аз ширкат дар интихобот маҳрум гашта буд. Номзади 59-сола ба рӯзномаи "Комсомолская правда" гуфт, таҳти сарварии ӯ Украина ба ҳеҷ кадоме аз эътилофҳои ҳарбӣ, НАТО ва Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки аз Русия ва чанд кишвари собиқ шӯравӣ иборат аст, таваҷҷӯҳ нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG