Пайвандҳои дастрасӣ

Бо номзади вакили Маҷлиси намояндагон шудани Амиршо Миралиев, раиси дастгоҳи иҷрояи президенти Тоҷикистон, баҳси ҷойгузини ӯ низ бештар матраҳ мешавад.

Амиршо Миралиев, ки аз соли 2006 баъди интихоби муҷаддади Эмомалӣ Раҳмон раҳбари дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ таъин гардидааст, дар анҷумани ахири ҲХДТ дар садри феҳрасти ин ҳизб ба Маҷлиси намояндагон номзад шуд.

Аз он ҷо, ки Президенти Тоҷикистон ҳамзамон раиси ҳукумати кишвар низ ҳаст, раиси дастгоҳи иҷрояи президент як мақоми калидии ҳокимияти иҷроия маҳсуб мешавад ва нақши муҳиме дар сиёсати дохилӣ, хоса ҷобаҷогузории кадрҳо дорад. Ба ин далел аст, ки ҳадсу гумон ва пешбиниҳое дар мавриди номзадҳои эҳтимолии ин мақом низ бештар мешавад.

МОҲИ ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

Тоҷикистон дар интизори як тағйирот ё ҳадди ақал ҷойивазкунии бунёдии кадрӣ ба сар мебарад. Поёни январи ҳар сол замони ҳисоботи мақомоти мухталиф ва таъиноти нав аст. Аммо имсол интихоботи моҳи феврали Маҷлиси намояндагон ба вусъати ин тағйирот хоҳад афзуд.

Ба эҳтимоли зиёд, бархе аз мақомоти иҷроия ҷойи худро ба курсии парлумон иваз хоҳанд кард. Дар мавриди аксари мақомот баҳс идома дорад, аммо чизе, ки то кунун рушан мебошад, номзад шудани Амиршо Миралиев ба Маҷлиси намояндагон аст, ки баъди интихобаш ба ин маснад шояд мақоми худро тарк хоҳад гуфт.

АЗ МУШОВИРӢ ТО БА ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯ

Амиршо Миралиев чандин соли ахир ба унвони мушовири давлатӣ нақши муҳиме дар сиёсати кадрии президент дошт. Аммо тирамоҳи соли 2006, вақте раҳбари дастгоҳи иҷроия таъин гашт, ба имкон, ихтиёр ва салоҳияти ӯ афзуда шуд. Акнун Амиршо Миралиев на танҳо дар таъиноти кадрӣ, балки дар сиёсатгузориҳо низ саҳм мегирифт.

Раҳбари дастгоҳи иҷроия назорати мустақими мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои иҷроияро метавонад анҷом диҳад. Таҳияи амру фармон, барномаҳои давлатӣ ва тарҳи қонунҳо низ зери назари раҳбари дастгоҳи иҷроия сурат мегирад. Мутобиқи моддаи 69-и Қонуни асосӣ, таъсиси ин дастгоҳ аз салоҳиятҳои раҳбари давлат аст ва раиси он дар низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми муовини аввали сарвазир баробар мебошад.

Аммо коршиносон мегӯянд, амалан корҳое бештаре аз раиси дастгоҳ вобаста мебошад, то аз муовини аввали сарвазир ва ҳатто худи сарвазир. Раҳматулло Зоиров, ҳуқуқдон ва мушовири пешини раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, раиси дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатӣ амалан дар низоми ҳокимият якдигарро такрор мекунанд. Дар ҳоле, ки дастгоҳи президент бояд аз ҳукумати иҷроия ҷудо бошад.

БАРКАНОРСОЗИИ СОБИҚАДОРОН

Ахиран танҳо баҳси раиси дастгоҳи иҷроия нест, ки сари забонҳо шуда, балки барканории Муҳаммадсаид Убайдуллоев, Абдулмаҷид Достиев ва Давлаталӣ Давлатзода аз мақоми муовинати раиси ҲХДТ низ баҳсҳоеро бар ангехта ва ҳадсу гумонро дар мавриди эҳтимоли тағйироти ҷиддитар дар сатҳи мақомоти иҷроия ва маҷлис низ ба бор овардааст.

Ин ақида бештар матраҳ шуда, ки шояд Эмомалӣ Раҳмон бо қарор гирифтан дар рӯбарӯи таҳаввулоти мушкил ва печидагии муносибат бо шарикони суннатӣ мисли Русия ва ҳамсояҳо, ба ин натиҷа расида бошад, ки нерӯи зеҳнии кадрҳои худро таҷдид ва ҷавон кунад.

Ва боз ҳам бозсозии сиёсати кадрӣ ва таҳаввулоти фикрӣ аз ҳар ҷиҳат ба дидгоҳ, салиқа ва навъи тафаккури раҳбари дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ бастагӣ дорад. Ин аст, ки баҳси ин мақом ҳамагӣ ва расонаӣ шуда, ки чӣ касе бояд дар ин мақом таъин шавад.

НОМЗАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ БА РАИСИИ ДАСТГОҲ

Давлат Усмон, муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистон ба як раҳбари дастгоҳи навандеш ва бо тафаккури боз ниёз дорад. Касе, ки ҳадди ақал таҷрибаи ҷомеаҳои боз ва ё иродаи истифода аз онро дошта бошад.

Акнун ба шиддат ҳадсу гумон дар атрофии номзадҳои эҳтимолӣ ба ин мақом паҳн мешавад. Чандин ном мавриди барасии расонаҳо ва маҳофили сиёсӣ қарор гирифта. Дар ин миён аз Абдуҷаббор Азизов - мушовири кадри идораи раёсати ҷумҳурӣ, Абдуҷаббор Раҳмонов - вазири маориф, Ҳамрохон Зарифӣ - вазири умури хориҷӣ, Асадулло Раҳмонов - раиси Кумитаи РТВ, Сайидмурод Фаттоев - мушовири раисиҷумҳур дар умури иҷтимоӣ ва Нусратулло Абдуллоев - раиси Додгоҳи олӣ ном бурда мешавад.

Ба гуфтаи коршиносон, таблиғоти ошкору ниҳон алайҳи бархе аз ин шахсиятҳо дар матбуоти дохилӣ низ метавонад бозгӯи авҷи мубориза миёни гурӯҳҳо барои соҳиб шудан ба ин мақом бошад. Аммо коршиносон бо ин ҳама вуҷуд таъиноти шахсияти комилан ғайричашмдоштеро низ ба ин мақом баъид намедонанд. Чунончӣ дар ибтидои солҳои 2000-ум раисҷумҳур Шӯҳрат Султоновро муддате раиси Дастгоҳи иҷроияи идораи раёсатҷумҳурӣ таъин карда буд.

ДАР ҶУСТУҶӮИ САРВАЗИРИ НАВ

Ба ҳамин тартиб, баҳси табдили сарвазир низ дар расонаҳои дохилӣ идома дорад. Гуфта мешавад, синни савазири кунунӣ Оқил Оқилов ба бознишастагӣ расида ва аз ҷумла аз Шералишо Кабиров - муовини мудири «Талко», Қосим Қосимов - вазири кишоварзӣ ва Муродалӣ Алимардон - муовини сарвазир ба унвони номзадҳои эҳтимолӣ ном бурда мешавад.

Аммо табдилу таъинот чӣ гуна ва дар кадом вусъат сурат мегирад, маълум нест. Чизе маълум аст, ба гуфтаи соҳибназарон, ниёзи Тоҷикистон ба тафаккури нав дар шароити рӯёрӯӣ ва таҳаввулоти азимест, ки метавонад кишварро дар соли равон интизор бошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG