Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон 5 боздоштшудаи хушунатҳоро ба додгоҳ мекашад


Панҷ ширкаткунандаи тазоҳурот ва хушунатҳои охири моҳи гузаштаи Эрон дар додгоҳ муҳокима хоҳанд шуд. Хабаргузории расмии Эрон, ИРНА дар ин бора иттилоъ дода, вале номи айбдоршавандагон ва рӯзи додгоҳро эълон накардааст. Аммо ин манбаъ мегӯяд, боздоштшудагон ҳамчун "душманони оллоҳ" муҳокима хоҳанд шуд, ки тибқи маъмул чунин айбдоршавандагон ба ҷазои қатл рӯбарӯ мегарданд. Рӯҳониёни сарсахт аз мақомоти додгоҳ хостаанд, раҳбарони мухолифонро низ бо чунин иттиҳом муҳокима кунанд. Мавҷи тазоҳурот ва хушунат дар Эрон ба думболи интихоботи президентии моҳи июни ин кишвар рӯ зада, дар онҳо ҳашт нафар кушта ва зиёда аз 900 нафар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG