Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ барои васл бо шабакаи нахи оптикӣ $445 млн медиҳад


Ироқ бо ширкати мухобиротии Қатар барои пайванд шудан ба шабакаи хатти нахи оптикӣ ба маблағи 445 миллион доллар созишнома ба имзо расонд. Вазири мухобироти Ироқ, Форуқ Абдулқаодир гуфт, тибқи қарордод бо "Галф Бриҷ Интернашионал Кейбл" зербинои мухобиротӣ миёни Аврупо ва Осиё низ такмил хоҳад шуд. Вай рушди ин риштаро дар Ироқ заминаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, махсусан пешрафти саноати нафту гази Ироқ номид.
XS
SM
MD
LG