Пайвандҳои дастрасӣ

Туф дар кӯча метавонад сабаби бехонагии чиноиҳо шавад


Мақомоти шаҳри Гуанчжоу дар Чин барои озода нигоҳ доштани кӯчаҳои шаҳр қоидаҳои нав ҷорӣ карданд. Тибқи ин қоидаҳо ашхосе, ки одат доранд, пӯчоқи мева ё пасмондаи сигор ё сақичи худро ба кӯча партоянд, ба замин туф ё шоша кунанд, либоси шустаро ба сари деворҳо ё ҷои намоён овезанд ва мошини худро нодуруст истод намоянд, ҷазо дода мешаванд. Чунончӣ, барои туф кардан дар кӯча кас се холи манфӣ мегирад ва агар дар 2 сол 20 хол гирад, аз манзили худ дар ин шаҳр маҳрум мешавад. Шаҳрдории Гуанчжоу гуфтааст, ҳадаф дорад, фазои мутамаддин, поку амн ва мутавозинеро дар шаҳр ба вуҷуд орад.
XS
SM
MD
LG