Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати аз банди идораи роҳи оҳани Ӯзбакистон берун овардани вагонҳои ҳомилу молу коло натиҷае ба бор наовардааст.

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ниҳодаш бар пояи муроҷиати тоҷирони тоҷик ба сафорати Ӯзбакистон дар Душанбе ва низ тариқи сафорати Тоҷикистон дар Тошканд аз мақомоти кишвари ҳамсоя хостори ҳалли мусбати қазия шудааст, аммо бо гузашти беш аз 1 моҳ натиҷае ҳосил нашудааст.

Вай афзуд, «бо ин вуҷуд, мо интизори посухи ҷониби Ӯзбекистон ҳастем. Умедворем, ки масъала ба зудӣ ва мусбат ҳалли худро пайдо мекунад»

Теъдоди вагонҳое, ки бояд аз Эрон ва Русия вориди Тоҷикистон шаванд, аммо дар банди идораи роҳи оҳани Узбакистон мондаанд, ба 1000 мерасад ва аксаран ҳомили масолеҳи сохтмониву хӯрока ҳастанд ...
Шералӣ Муқимов, тоҷири тоҷик, ки бо як ширкати эронии мавсум ба «Шарқ» ҳамкорӣ мекунад, ба радиои Озодӣ гуфт, аз моҳи ноябр ба ин сӯ 76 вагони ҳомили семент ва дигар масолеҳи сохтмонии онҳо аз Қаршии Ӯзбакистон ба ин ҷониб ҳаракат карда наметавонанд. Вай афзуд, теъдоди вагонҳое, ки бояд аз Эрон ва Русия вориди Тоҷикистон шаванд, аммо дар банди идораи роҳи оҳани Ӯзбакистон мондаанд, ба 1000 мерасад ва аксаран ҳомили масолеҳи сохтмониву хӯрока ҳастанд.

Оқои Муқимов гуфт, «сабабашро дар Ӯзбакистон касе ба мо намегӯяд. Мо ба вазорати хориҷа, гумрук ва роҳи оҳани Тоҷикистон хаттӣ муроҷиат кардем, аммо то ба ҳол касе ба мо гуфта наметавонад, ки чаро молу колои моро боздошт кардаанд»

Дар ҳамин ҳол, Гулсара Хоркашева, масъули идораи боркашонии роҳи оҳани Тоҷикистон, мегӯяд, аз қазия хабар надорад, зеро муроҷиате дар ин маврид ба дасти онҳо расман ва хаттӣ наомадааст.

Ҳаводиси банд мондани вагонҳои молу колои Тоҷикистон дар ҳудуди Ӯзбакистон аз қабл ба ин сӯ вуҷуд дорад. Коршиносон ҳамеша ин рафтори Тошкандро сиёсӣ ва як нав фишор ба Тоҷикистон арзёбӣ мекарданду мекунанд, ба хусус имрӯзҳо, ки рӯйи сохтмони нерӯгоҳҳо Ӯзбакистон бо Тоҷикистон мухолифат мекунад.

Аммо дар ҳама маврид мақомоти Ӯзбакистон мушкилоти фаннӣ дар роҳи оҳани хешро далел меоварданд ва ё умуман дар ин мавзӯъ сӯҳбат намекарданд. Дар сафорати Ӯзбакистон касе ҳозир нашуд, дар ин мавзӯъ бо мо сӯҳбат кунад.

Коршиносон ҳамеша ин рафтори Тошкандро сиёсӣ ва як навъ фишор ба Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд, ба хусус имрӯзҳо, ки рӯйи сохтмони нерӯгоҳҳо Узбакистон бо Тоҷикистон мухолифат мекунад ...
Қаблан моҳи сентябри соли равон қазияи банд мондани ҳудуди 200 вагони Тоҷикистон дар ҳудуди кишвари ҳамсояро Бахтиёр Раҳимов, муовини раиси Кумитаи гумруки Ӯзбакистон, мушкил хеле хурд ва ҳалшаванда унвон карда, гуфт, барои тоҷироне, ки ба Тоҷикистон мол меоранд ва мебаранд, дар Ӯзбакистон мушкили умда нест.

Оқои Раҳимов афзуд, «ин ҳама масъалаи ҳалшаванда аст. Ҳама дар вақти худ ҳалли худро меёбад. Рӯзи аввал нест, ки мо бо ин масъалаҳо дучор меоем. Ду кишвар бар пояи созишномаҳо кор карда истодаанд. Хуллас, як мушкили ҳалнашаванда нест».

Аммо Шералӣ Муқимов, тоҷири тоҷик, мегӯяд, моли онҳо, масалан семент дар таги барфу борон сифати худро гум мекунад ва қиматаш низ мекоҳад.

Ҷовид Шарипов аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, тибқи тавофуқоте, ки миёни кишварҳои узви ИДМ ҳосил шудааст, ҷуброни зиён аз сӯи кишваре сурат мегирад, ки мол дар ҳудудаш хароб шудааст. Оқои Шарипов афзуд, агар ширкатҳо ва тоҷирон дар мавриди коҳиши сифати молашон аз «Тоҷикстандарт» ҳуҷҷат оранд, тибқи қонунгузории Тоҷикистон аз моли онҳо молиёт ситонида намешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG