Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди Эрон ва Ироқ сари хатти марз


Мақомоти Эрон ва Ироқ дар дидоре дар Бағдод масъалаи қитъаҳои баҳсталаби марзи байни ду давлатро баррасӣ карданд. Вазири умури хориҷии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ, гуфт, ин дидори нахустин буда, дар ҳафтаҳои наздик нуқтаҳои марзи байни ду кишвар дар хушкӣ ва баҳр аломатгузорӣ хоҳанд шуд. Номуайянии хатти марз борҳо сабаби моҷароҳои байнулмилалӣ шудааст. Аз нимаҳои моҳи декабри соли гузашта баъд аз баҳси ду тараф сари чоҳи нафти ал-Факка нерӯҳои Эрон дар ин минтақа ҷобаҷо шудаанд.
XS
SM
MD
LG