Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон: Нуфузи ҷангсолорон: Коҳиш ё афзоиш?


Бархе аз коршиносон рад шудани номзадҳои пешниҳодии Ҳомид Карзай, раиси ҷумури Афғонистонро аз тарафи парлумони ин кишвар аломати коҳиши нуфузи ҷангсолорон меноманд, вале бархи дигар мегӯянд, қувваозмоӣ ҳанӯз дар пеш аст.

Ҷавоби радди парлумон ба номзадҳои Карзай мардуми Афғонистонро хушбин кардааст, ки шояд парлумон тавонад, нерӯи нафаронеро, ки бо пуштибонӣ аз амалиёти Амрико дар Афғонистон рӯи кор омаданд, коҳиш диҳад.
Ин амал дастҳои Карзайро бозтар мекунад. Ӯ метавонад бигӯяд, ки ҳар чи аз дастам омад, анҷом додам, аммо парлумон рад кард...

Рузе, ки президент Карзай бо олимону рӯзноманигорон ва раҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ гуфтугӯи муфассалеро анҷом дод, ҳадаф дошт, дар ростои нишасти байналмилӣ оиди Афғонистон бо дидгоҳи ин гурӯҳҳо роҷеъ ба вазъи кишвар ошно шавад.

Аҳмад Саид, коршиноси афғон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба Карзай машварат додааст, ки дар баробари ҳамкорӣ бо шарикони Ғарбӣ ҳамчунин равобити хубро бо ҳамсояҳо ба роҳ монад, ки дар дохили кишвар нуфузи беандоза доранд.

Аммо Аҳмад Саид гуфт, ки шарҳи у дар масоили дохилии Афғонистон бисёр тунд будааст. Ӯ ба раиси ҷумҳур гуфтааст, ки дар сиёсатҳои дохилӣ танҳо бо иддае машварат макунад, ки худро сарвари қавм ва парчамдори ҷиҳод унвон мекунандҷ Аммо ин гуна машваратҳо бо мардуми огоҳ анҷом намешавад. Оғои Саид ҳамчунин ба Карзай гуфтааст, ки мухолифати ӯ бо Ғарб ба манфиати Афғонистон нест.

Ин шарҳ баёнгари он аст, ки дар ду моҳи аввали даври дуввуми раёсаташ Карзай талош дорад ба талабҳои дохиливу хориҷӣ ҷавобгӯ бошад. Намунаи рӯшани ин равиш қарори парлумон аст, ки аз се ду ҳиссаи номзадҳои Карзайро напазируфт. Акнун президентро зарур аст, ки ҳукумати технократ ва соҳиби дасту дили покро то охири ҳафта таъсис диҳад ва 17 вазирро аз зери заррабини шарикони хориҷӣ ва қонунгузрони дохилӣ гузаронад. Аз суӯи дигар ҷангсолорон ва афроди нирӯманди дигар, ки дар интихоботи зиддунақизи раёсати ҷумҳур аз Карзай пуштибонӣ кардаанд, акнун аз ӯ боздеҳ мехоханд. Карзай бояд номзадҳои мавриди назари онҳоро дар ҳукумат ҷой диҳад.

Фармондеҳи узбак Абдулрашид Дустум ва фармондеҳи ҳазора Ҳоҷӣ Муҳаммад Муҳаққиқ зимни пахши як изҳорот аз раиси ҷумҳур хостаанд, ки ё номзадҳои аввалро дубора ба парлумон пешниҳод ва ё номзадҳои навро ба намояндагони мардуми муаррифӣ кунад.

Аломатҳое ҳам вуҷуд доранд, ки баъзе гурӯҳҳои муҷоҳидони собиқ барои ҳолатҳои истисноӣ, мисли даст кашидани Карзай аз ваъдаи худ, стратегияи сиёсӣ таҳия кардаанд.

Устоди риштаи қонун ва сиёсати Донишгоҳи Кобул Насруллоҳ Станекзай мегӯяд, ҷангсолорон ва фармондеҳони низомӣ он таъсирро, ки як замон доштанд, аз даст додаанд ва дигар наметавонад барои давлат мушкилоти бунёдӣ эҷод кунанд. Ӯ аз интихоботи соли 2009 намуна овард, ки баъзе фармондеҳон ба Карзай пуштибонии гурӯҳҳои қавмиро ваъда карданд, аммо муваффақ нашуданд.

Аммо дидгоҳи Томас Руттер-дипломати собиқи Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврпуо ба ин масъала фарқ мекунад. Руттер ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Карзай ҳеҷ гоҳ нияти даст кашидан аз номзадҳои фармондеҳонро надорад. Ӯ бар пояи иттилои манбеъи худ дар Кобул мегӯяд, ки эҳтимолан Карзай чаҳор номзади радшуда, бо шумули Исмоил Хон- собиқ вазири энержии Афғонистонро дубора ба парлумон пешниҳод кунад. Аз сӯи дигар, мегуяд дипломати собиқ, пофишории парлумон Карзайро ба интихоби номзадҳои қавӣ водор хоҳад кард.

Томас Руттер мегӯяд: "Ин амал дастҳои Карзайро бозтар мекунад. Ӯ метавонад бигӯяд, ки ҳар чи аз дастам омад, анҷом додам, аммо парлумон рад кард. Акнун умедворам шумо номзадҳои беҳтареро пешбарӣ кунед. Ин ҳамон талабест, ки нишасти Лондон дар миён гузоштааст. Ҳоло бубинем, ки бахши дигари номзадҳо чӣ гуна хоҳанд буд."

Ба фарқ аз коршиносони афғон, Томас Руттер коҳиши нуфузи ҷангсолоронро мушоҳида накардаст. Ӯ мегӯяд ҷангсолорон дар ҷоемаи кишвар, дар иқтисод ва дар сиёсат нуфуз доранд. Ба андешаи ӯ, барномаи Ғарб барои таъсиси ҷомеъаи зидди Толибон дар Афғонистон ба ҷангсолорон имкон медиҳад, ки нақши сиёсӣ ва низомии худро афзунтар кунанд.

"Ман дар дидгоҳи Карзай ё дар бахшҳои дигари сиёсати Афғонистон ҳеҷ гуна дигаргунии ҷиддиро надидам," мегӯяд дипломати собиқи Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо Томас Руттер.
XS
SM
MD
LG