Пайвандҳои дастрасӣ

Айбномаи Абдулмуталлаб эълон шуд


Ҳайати мунсифаи додгоҳи Мичигани Амрико, шаҳрванди Нигерия, Фарук Абдулмуталлабро бо гумони қочоқи маводи мунфаҷира ва талоши таркондани ба ҳавопаймои масири Амрико аз рӯи шаш банди қонуни кайфарӣ айбдор донист, аз ҷумла дар кӯшиши қатли 289 нафар сарнишинони ҳавопаймои Амстердам--Детройт ва истифода аз силоҳи қатли ом. Дар ҳоли исботи айбнома ба Абдулмуталлаб ҳукми абад таҳдид мекунад. Тибқи хабарҳо, вай иқрор кардааст, ки маводи мунфаҷираро аз ал-Қоида дар Яман дастрас кардааст.
XS
SM
MD
LG