Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон


Русия тасмим гирифтааст, дар чаҳорчӯби барномаи озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор тонна орди гандум фиристад.

Аъзам Баҳоров, намояндаи Барномаи озуқаи СММ дар Тоҷикистон, гуфт, маблағи умумии кумаки Русия 5,5 миллион доларро ташкил медиҳад ва барои оилаҳои камбизоат пешбини шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳадя Русияро ба донори аслии Тоҷикистон дар барномаи озуқаи СММ табдил додааст. Интизор меравад, кумаки башардӯстона тайи рӯзҳои наздик тавассути роҳи оҳан ба Тоҷикистон ворид шавад.

Барномаи ҷаҳонии озуқа (WFP), ки дар кишварҳои камбизоати ҷаҳон ба мардуми муҳтоҷ расидагӣ мекунад, яке аз муассисаҳои фаъоли кумакрасони СММ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ин созмон соли гузашта пас аз таҳқиқи вазъи зиндагии мардум ва амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон эълон карда буд, ки теъдоди мардуми мӯҳтоҷ дар ин кишвар дучанд шуда, аз 260 ҳазор то ба ним миллион нафар афзудааст.

Барномаи озуқаи СММ (WFP) аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста буд, ки барои бо маводи ғизоӣ таъмин кардани ҳазорон нафар афроди эҳтиёҷманди Тоҷикистон бештар кӯмак расонанд.
XS
SM
MD
LG