Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эйде мегӯяд, афғонон бояд эҳсоси таҳқир накунанд


Кай Эйде-фиристодаи вижаи СММ барои Афғонистон ба Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додааст, ки эъзоми нируҳои изофии барномарезишуда ба Афғонистон набояд таваҷҷуҳро аз масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳадафҳои сиёсӣ дар ин кишвар мунҳариф созад. Кай Эйде дар Шӯрои Амнияти СММ гуфт, фиристодани нируҳои изофӣ набояд бар зарари талошҳои мардумӣ ва рушди стротегияи сиёсӣ тамом шавад. Эйде гуфт:

"Гоҳо афғонҳо фикр мекунанд, ки бо кишвари онҳо на чун бо кишвари инсонӣ ё кишвари мустақил бархурд сурат мегирад. Чунин эҳсосот миёни ҳукмати Афғонистгн ва ҷомеаи байналмиллалӣ ташуннуҷи ҳатмӣ ва хатарноке ба вуҷуд меорад ва ба шаку шубҳаҳои ғайриқобили қабули мудохилаи хориҷиҳо доман мезанад ва эҳсоси таҳқирро бедор мекунад".

Эйде дархост кард, ки ҳар чӣ зудтар идораи умур дар ихтиёри афғонон гузошта шавад, ба бозсозии Афғонистон ва ба мубориза бар зидди Толибон суръати бештар бахшида шавад. Вошингтон қавл додааст, ки дар моҳҳои оянда 30 000 нируи дигар ба Афғонистон мефиристад. Бад-ин тартиб шумораи умумии нируҳои хориҷӣ дар Афғонистон ба 140 000 нафар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG