Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбии Қазоқистон дар тенниси байналмиллалӣ


Дастаи теннисбозони Қазоқистон бар дастаи Русия дар мусобиқоти Ҷоми байналмиллалии Ҳопман пирӯз шуд. Дар бозии дунафарӣ Ярослава Шведова ва Андрей Голубев аз Қазоқистон Елена Дементева ва Игор Андреевро аз Русия мағлуб карданд. Аммо дар бозии як ба яки занона Елена Дементева ба Шведоваи қазоқистонӣ пирӯзӣ ба даст овард. Дар бозии мардона Голубеви қазоқистонӣ Андрееви русиягиро ноком кард. Ҳафтаи гузашта Русия бар Олмон пирӯз шуд ва бар Бритнаия бозиро бохт. Қазоқистон бо ин пирӯзиаш дар тенниси байналмиллалӣ барои худ ҷои пой дуруст мекунад.
XS
SM
MD
LG