Пайвандҳои дастрасӣ

LG Electronics телевизиони худро муаррифӣ мекунад


LG Electronics-ширкати Кореяи Ҷанубӣ нухустин телевизиони 3-ДӢ-и худро моҳи май дар бозори Амрико муарефӣ мекунад. Ин телевизион аз насли ҷадиди телевизионҳои қарни 21 дониста мешавад. Ин навъи телеви зионҳо акнун ба хонаҳои мардум низ роҳ хоҳад ёфт. То ҳол мардум дар кинотеатрҳои махсус филмҳои 3-ДӢ-ро тамошо мекарданд. Тамошои филмҳои 3-ДӢ бо пӯшидани айнакҳои махсус ин тасаввурро ба тамошобин медиҳад, ки вай низ гӯё дар дохили филм аст. Нархи ин телевизионҳо то ҳол эълон нашудааст, вале Тим Алессӣ-раиси бахши тавсеаи LG Electronics мегӯяд, шояд нархи он 200 то 300 доллар аз нархи телевизионҳои маъмулии муосир болотар бошад.
XS
SM
MD
LG