Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳо барои тасвиби кобинаи нави Афғонистон


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар иҷлоси порламони кишвараш гуфт, ки бояд то оғози конфронси байналмиллалии Лондон дар бораи Афғонистон аъзои кобинаи ҷадиди вай аз тарафи аъзои порлмон ба тасвиб расанд. Ҳафтаи гузашта порламон аз 24 вазири пешниҳодшуда номзадии 17 нафарро рад кард. Ваҳид Умар-сухангӯи раиси ҷумҳур гуфт, Ҳомид Карзай рӯзҳои шанбе ё якшанбе феҳристи номзадҳои навро барои тасвиб ба порламон пешкаш мекунад. Умар гуфтааст, дар феҳристи нав номи баъзе аз номзадҳое, ки ҳафтае пеш аз порлмон нагузаштанд, ворид нашудааст.
XS
SM
MD
LG