Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Бан Ки Мун аз Ҳомид Карзай


Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ гуфт, шӯришиён масъулияти 78 дарсади куштори афроди ғаринизомӣ дар Афғонистонро бар ӯҳда доранд. Бан гуфт, фармондеҳони низомии нируҳои байналмиллалӣ хеле эҳтиёткоранд, то мардуми маҳаллӣ кушта нашаванд. Бан Ки Мун, ки дар иҷлоси Шӯрои Амнияти СММ роҷеъ ба Афғонистон ширкат дошт, ба хабарнигорон гуфт, ки Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон бояд 28-ӯми январ дар конфронси байналмиллалии Лондон ширкат ва барномаҳои худро дар бораи бар дӯш гирифтани масъулияти амнияти Афғонистон аз нируҳои байналмиллалӣ дар зарфи 5 соли оянда муаррефӣ кунад.
XS
SM
MD
LG