Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: Фиристодани ниру ба Афғонистон набояд зарар орад


Кай Эйде-фиристодаи вижаи СММ барои Афғонистон ба Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додааст, ки эъзоми нируҳои изофии барномарезишуда ба Афғонистон набояд таваҷҷуҳро аз масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳадафҳои сиёсӣ дар ин кишвар мунҳариф созад. Кай Эйде дар Шӯрои Амнияти СММ гуфт, фиристодани нируҳои изофӣ набояд бар зарари талошҳои мардумӣ ва рушди стротегияи сиёсӣ тамом шавад. Эйде дархост кард, ки талошҳои ҳар чӣ зудтар дар ихтиёри афғонон гузоштани идораи умур, бозсозии Афғонистон ва ба мубориза бар зидди Толибон бояд суръати бештар бахшида шавад. Вошингтон қавл додааст, ки дар моҳҳои оянда 30 000 нируи дигар ба Афғонистон мефиристад. Бад-ин тартиб шумораи умумии нируҳои хориҷӣ дар Афғонистон ба 140 000 нафар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG