Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли пули муҳоҷирон ба Суғд камтар шудааст


Шӯъбаи Бонки Миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба матбуот хабар додааст, ки аз оғози соли 2009 то ҳол интиқоли пул аз муҳоҷирони кории тоҷик нисбат ба як соли пеш 228,2 миллион доллар камтар шудааст. Бино ба хабари ин манбаъ, соле пеш тавассути шӯъбаҳои бонки мазкур аз муҳоҷирони кории тоҷик ба хонаводаҳояшон 781,6 миллион доллар интиқол ёфта будааст. Вале соли 2009 ин маблағ танҳо 553,5 миллион долларро ташкил додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG