Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 2 шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


Бино ба хабари сомонаи Лента.ру-и Русия, дар шаби аввали соли нави 2010 дар яке аз хиёбонҳои наздикии метрои "Охотничий Ряд"-и шаҳри Маскав миёни ду гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон задухурд рух додааст. Дар ин задухурд ду нафар аз зарби корд ҷароҳат бардоштаанд. Ин сомона менависад, то омадани мошини ёрии таъҷилӣ яке аз захмиҳо ҷон додааст. Ҳамин гуна дар як задухурди дигар дар Лефертово дар назди хонаи шумораи 4 дар кӯчаи Энтузиастов ҳамон шаб тақрибан соати 2:30 дақиқаи шаб шаҳрванди дигари Тоҷикистон аз захми корд ҷон додааст. Барои ҳар ду куштор чанд шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Аз афроди кушташуда ва боздоштшуда ном бурда намешавад.
XS
SM
MD
LG