Пайвандҳои дастрасӣ

Ноиби Котиби давлатии Амрико, Ҷон Лимберт, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки тазоҳуроти баъдиинтихоботии тобистони соли 2009 дар Ирон ба ҳаводиси соли 1979-и ин кишвар шабоҳат дорад , ки роҳро барои инқилоби исломӣ боз карда буд.

Лимберт яке аз 53 амрикоие буд, ки донишҷӯёни эронӣ баъд аз ҳуҷум ба сафорати ИМА дар Теҳрон онҳоро ба муддати 444 рӯз гаравгон гирифтанд. Мо сӯҳбатеро бо оқои Лимберт анҷом додем, ки дар он вазъи феълии Эрон, фишори ҳукуматдорон ба мухолифон ва баҳси атрофи барномаи ҳастаии Эрон матраҳ шудаанд.

Радиои Озодӣ:
Ҳафтаи гузашта президент, Барак Обама, хушунати ҳукумати Эрон ба шаҳрвандонашро маҳкум кард ва Котиби давлатӣ, Ҳилларӣ Клинтон, гуфт, аз эрониҳо, ки роҳи эътирози сулҳомезро пеша кардаанд, пуштибонӣ мекунад. Ин гуфтаҳо дар амал чӣ маънӣ доранд?

Ҷон Лимберт:
"Дақиқан ба ҳамон маъноест, ки гуфта шудааст. Сиёсати мо дар ин робита хеле рӯшан аст: Мо аз ҳуқуқи мусаллами мардуми Эрон пуштибонӣ мекунанем ва ҳеҷ гоҳ дар баробари хушунат ва бадрафтории давлат алайҳи онҳо хомӯш нахохем буд."

Радиои Озодӣ: Ба ин тартиб, вақте мақомоти Амрико мегӯянд, ки мо аз мардуми Эрон пуштибонӣ мекунем, манзур пуштибонии лафзӣ аст?

Ҷон Лимберт: "Валлоҳ, ин ҳадсест, ки шумо мезанед, мавқеъи мо дар баробари ҳаводиси нохуши рӯзҳои гузашта дар Эрон хеле рӯшан аст. Мо итминон дорем, ки мардуми Эрон ба монанди миллатҳои дигари ҷаҳон, сазовори ҳукумате ҳастанд, ки бо онҳо бархӯрди инсонӣ дошта бошад. Мардуми Эрон ҳаққи ибрози ақида доранд. Ҳаққи озодии баён доранд, ҳақ доранд мақомотро интиқод кунанд ва дар посух ба хушунат рӯ ба рӯ нашаванд."

Радиои Озодӣ: Шумо шоҳиди ҳаводиси солҳои 1979, шоҳиди инқилоби исломии Эрон будед, бигуед, ки оё дар байни таҳаввулоти си соли пеш ва ҳаводиси моҳҳои ахири Эрон шабоҳате ҳаст?

Ҷон Лимберт: "Албатта, ба назари ман шабоаҳтаҳо зиёданд. Ба назари ман ҳукумат намедонад ба талабҳои одилона ва қонунии шаҳрвандон чӣ гуна вокуниш кунад. Ҳар қадар, ки ҳукумат аз хушунат кор бигирад, ба ҳамон андоза худаш зарар мебинад."

Радиои Озодӣ: Ин тазоҳуроту эътирозҳо то куҷо мебаранд?

Ҷон Либерт: "Валлоҳ ман фолбин нестам."

Радиои Озодӣ: Ман ин суолро, ки тазоҳурот то ба куҷо мебарад, бо назардошти шинохти шумо аз Эрон ва мардуми Эрон, раҳбарони Эрон матраҳ кардам.

Ҷон Лимберт: "Дар риштаи кори мо одам бояд ҳамеша хушбин бимонад. Мо умедворем, ки баъди ин ҳама мушкилот мардуми Эрон билохира як давлате дошта бошанд, ки мустаҳақи он бошад ва б а таври инсонӣ бо онҳо рафтор кунад."

Радиои Озодӣ: 5-уми январ Вазорати умури хориҷии Эрон аз шарҳи хонуми Клинтон, ки гуфтааст дарҳо барои гуфтушунид боз хоҳанд буд, истиқбол кард. Оё Амрико ҳоло ҳам мехоҳад, бо ҳукумате вориди музокирот шавад, ки аксари эрониҳо онро ғайриқонунӣ меҳисобанд?

Ҷон Либерт: "Бале, ин дуруст аст. Ман мехоҳам, аз суханронии президент Обама ҳангоми гирифтани Ҷоизаи сулҳи Нобел дао Осло ёдовар швам. Вақте ӯ гуфт мо хушунатро аз тарафи давлат маҳкум мекунем - манзураш танҳо Эрон набуд. Мо ҳама гуна зӯроварии ҳама гуна давлатро бар алайҳи шаҳрвандонаш маҳкум мекунем. Аммо бо сабабҳои ба ҳама маълум, мо гоҳо омодаем, бо ин ё он давлат бо машварти дуҷониба бо эҳтироми дуҷониба музокирот пеш бубарем."

Радиои Озодӣ: Моҳи январ Эрон бояд ба пешниҳоди Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ оиди берун бурдани урани камғанишуда ба хориҷ ва баргардони он ба маҳсулоти қобили истифода дар соҳаҳои мулкӣ посух диҳад. Оё ин ба тағйири сиёсати Амрико дар қиболи Эрон мусоидат мекунад?

Ҷон Лимберт: "На хайр, ман мехоҳам, ба сӯҳбати Котиби давлатии Амрико дар таърихи 5-уми январ ишора кунам, ки калимаи мӯҳлатро истифода накард. Шумо инро истифода кардед. Мо ҳеҷ гоҳ аз он истифода накардеам. "

Радиои Озодӣ: Президент, Обама, калимаи муҳлатро барои пешбурди муколама бо Эрон ба кор бурд.

Ҷон Лимберт: "Албатта, аз касе пӯшида нест, ки посухи Эрон ба пешниҳоди Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ чандон қаноатбахш набуд. Гуфтушуниди мо бо кишварҳои дигар, бо созмонҳои байналмилалӣ барои мутақоид сохтани эрониҳо оиди созиш, ки ба фоидаи Эрон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буд, идома дорад. "

Радиои Озодӣ: Аммо ба назар мерасад, Амрико низ умедашро ба созиш аз даст медиҳад ва ҳоло мавзӯъи таҳримоти шадидатар алайҳи Эронро бо кишварҳои дигар матраҳ мекунад.

Ҷон Лимберт: "Мо ҳеҷ гоҳ умедро аз даст нахоҳем дод. Ташаннуҷ дар равобити Эрону Амрико масъалаи 30 сол аст; инро наметавон дар як ё ду мулоқот ё як ду моҳ ҳал кард. Мо сиёсати дарозмуддат дорем. Ҳадафи мо, тавре президент Обама гуфт, хотима додан ба равобити беҳуда ва тираву тори 30 соли гузаштааст. "

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG