Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай хостори такмили зудтари ҳайъати кобина шуд


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай хостори то 28 январ – таърихи оғози анҷумани байналмилалии Афғонистон дар Лондон – такмил шудани ҳайъати кобинаи вазиронаш шуд.
Парлумон дар ҳафтаи гузашта 17 номзад аз 24 номзад ба узвияти кобинаи Карзайро радд кард. Сухангӯи Карзай Ваҳид Умар гуфт, ки раисиҷумҳур номзадҳои ҷадидро рӯзҳои шанбе ё якшанбе муаррифӣ хоҳад кард. Рӯйхати нав чанде аз он номзадҳоеро ҳам, ки парлумон қаблан радд кард, фаро мегирад.
XS
SM
MD
LG