Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, дар феҳристи ҳизбии онҳо барои ширкат дар интихоботи парлумонии моҳи феврал исми намояндаҳои ҷавон ба фарқ аз интихоботҳои қаблӣ бештар аст.

Аз ҷумла, дар феҳристи 22-нафараи Ҳизби халқӣ демократӣ 3 номзади ҷавон пешбарӣ шудааст.

ҶАВОНОНИ ҲИЗБИ ҲОКИМ


Зоҳир Ҳабибов, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони ин ҳизб мегӯяд, шумораи хоҳишмандон зиёд буд, вале бо омӯзишу натиҷагирии кори довбаталбони ҷавони ҳизб номзадии танҳо 3 нафари онҳо барои ширкат дар ин интихобот салоҳ дониста шуд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Ҳабибов бештар аз 40 дарсади пайравони ҳизби халқӣ демократиро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Аз сӯи дигар, ман фикр намекунам, ки онҳо тавонанд, ба ҳама мушкилоте, ки ҷавонони тоҷик доранд, расидагӣ кунанд, яъне мавқеи онҳо дар қабули қонуну қарор ва дигар асноде, ки парлумон тасвиб мекунад, хеле ночиз хоҳад буд...


Зоҳир Ҳабибов афзуд: “Ҳамчунин ҷавонони ҳизби мо кӯшиш доранд, то дар ҳавзаҳои якмандата низ номзадии худро пешбарӣ карда, бо барномаҳои ҷолиби ҳизб баромад ва дар байни мардум худро муаррифӣ созанд. Ман бовар дорам, ҷавононе, ки аз ҳизби Халқӣ-демократии Тоҷикистон, дар ин феҳраст ҳастанд, аз сӯи мардум соҳиби овози муносиб мешаванд.”

Абдураҳмон Хонов, муовини раиси Кумитаи кор бор ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва яке аз аъзои ҷавони ҳизби ҳоким аст, ки дар феҳристи интихоботӣ дар ҷойи 21-ум, қарор дорад. Оқои Хонов 36 сол дорад ва мегӯяд, дар сурати муваффақ шуданаш дар интихоботи парлумонӣ, таҳияву қабули қонунҳоеро ҳадафи худ қарор хоҳад дод, ки ниёзҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷавонони кишварро бароварда созанд.

“Дар навбати аввал агар таваҷҷӯҳи ҳама сохторҳои давлатӣ ба ҷавонон равона шавад, пайомадҳои хуберо ба бор хоҳад овард. Имрӯз, як қатор қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон , ба монанди қонун дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, қонун дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон, қонун дар бораи маориф, хулоса намудан мумкин аст, ки қонунҳо бояд ба талаботи замони имрӯза мутобиқ гардонда шавад.”

ДИЛҲОИ УМЕДВОР

Абдураҳмон Хонов бо ишора ба ин, ки раҳбарии Ҳизби халқӣ-демократиро раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ӯҳда дорад ва ӯ миёни мардум аз обрӯву нуфузи хос бархӯрдор аст, ба пирӯзии номзадҳои ҳизбаш дар интихоботи парлумонӣ мутмаин аст. Аммо Шӯҳрат Қудратов, раҳбари бахши ҷавонони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, шумораи хоҳишмандони ҷавон барои пешбарии номзадии худ ба интихоботи парлумонии навбатӣ аз ин ҳизб низ хеле зиёд будааст.

Ба гуфтаи ӯ, мушкили гарон будани ҳаққи гаравпулии интихоботӣ монеи пешбарии онҳо мешавад. Феълан ба қавли ӯ, аксари ҷавонони сотсиал-демократ номзадии худро дар маҷлисҳои маҳаллӢ пешбарӣ намудаанд. Вале дар маҷмӯъ, бештар аз 50 дарсади феҳристи инитихоботии ин ҳизбро ҷавонони то 36-сола ташкил медиҳанд, ки аксарият ҳуқуқдонанд.

Исми худи Шӯҳрат Қудратов дар феҳрасти Ҳизби сотсиал-демократ дар мақоми 12-ум қарор дорад. Шӯҳрат номзадии худро ҳамчунин барои ширкат дар интихоботи маҷлиси шаҳрӣ пешбарӣ кардааст. Ӯ ҳуқуқшинос аст ва 34 сол дорад. Шӯҳрат мегӯяд, беш аз 60 дар сади барномаи вакилии худро барои беҳбудии зиндагӣ ва кори ҷавонони тоҷк ихтисос медиҳад.

“Чунки бисёр ҷавонон пас аз гирифтани маълумоти олӣ бекор меомнанд ва ба онҳо чандон таваҷҷӯҳ намешавад. Мо кӯшиш хоҳем кард, ки ин ҷавонони соҳибихтисос дар дохили Тоҷикистон бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин карда шаванд.”

ҶАВОНОНИ ҲИЗБИ ИСЛОМӢ

Дар феҳристи интихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, 6 номзади ҷавон зикр шудаанд. Ба гуфтаи Қиёмиддин Афзалов, як
масъули ин ҳизб аксар номзадҳои ҷавони онҳо чеҳраҳои наванд.

Қиёмиддин меафзояд, шумори ҷавонони болаёқату арзанда барои ворид шудан ба ин феҳрист зиёд аст, аммо ба қавлу ӯ аксарият аз пешбарии номзадияшон худдорӣ варзидаанд: “Мушкил ҳамин аст, ки ҷавонон аз ошкор баргузор шудани интихобот чандон бовар надоранд. Ба ин хотир бархе аз онҳо на танҳо ҷавонони ҳизб, балки дигар ҷавонон ҳам вақте мо сӯҳбат мекунем ва пешниҳод месозем, ки худпешбарӣ кунанд, мегӯянд, интихобот, ошкоро сурат намегирад, пас иштироку пешниҳоди номзадии мо маъние надорад. Аммо дар асл зиёданд шумори ҷавононе, ки хоҳиши пешниҳоди номзадии худро ба вакилӣ доранд.”

Бо ин ҳол тақрибан ҳама аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон аз афзун шудани шумори номзадҳои ҷавони феҳристи интихоботии худ ҳарф мезананд, аммо ба ақидаи бештари таҳлилгарони ҷавон дар ин интихобот ҳам онҳо таваҷҷӯҳи хосеро ба намояндагони ин қишри ҷомеа мушоҳида накардаанд ва он теъдоди ками номзадҳои ҷавон ҳам, ки пешбарӣ шудаанд, дар қисмати дуввум ва охири феҳрасти аҳзоби сиёсӣ қарор гирифтаанд, ки эҳтимоли роҳ ёфтанашон ба парлумон камтар будааст.

ЧЕҲРАҲОИ НАВ ВА НОШИНОХТА

Ин нуктаро Назири Нусрат коршиноси ҷавони тоҷик, ҳам сарфи назар намекунад. Вай мегӯяд, ҷавононе ҳам, ки аз сӯи аҳзоби сиёсӣ пешбарӣ шудаанд, миёни аксар ҳамсолонашон чеҳраҳои ношинохтаанд

“Аз сӯи дигар, ман фикр намекунам, ки онҳо тавонанд, ба ҳама мушкилоте, ки ҷавонони тоҷик доранд, расидагӣ кунанд, яъне мавқеи онҳо дар қабули қонуну қарор ва дигар асноде, ки парлумон тасвиб мекунад, хеле ночиз хоҳад буд.”


Аммо ба эътиқоди сиёсатшиноси ҷавон Бахтиёр, на ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвар имкони вуруд ба маҷлиси намояндагонро доранд. Аз ин рӯ, чанд ҷоеро ҳам, ки аҳзоби сиёсӣ ба даст меоранд, аксаран афроди дар мақомҳои болоии феҳраст буда, яъне раҳбарону чеҳраҳои маъруфи ҳизбҳо соҳиб мешаванд. Ва ба ин тартиб ҷавонон, ки ғолибан дар руйхати 22-нафара баъд аз ҷои 10-ум, дар мақомҳои 21 ва ё 22 қарор доранд, ноумед мешаванд ва ё ба интихоботҳои солҳои дигар умед мебанданд.

Вале гуфта мешавад, шумори ҷавононе ҳам, ки омодаанд, ба таври мустақил ва аз ҳавзаҳои инфиродӣ номзадии худро барои даст ёфтан ба мақоми вакилӣ дар Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кунанд, хеле кам будааст. Ба гуфтаи таҳлилгарони ҷавон, аксаран монеа ва мушкилотӣ молӣ, нобоварӣ ва ҳимоят наёфтани номзадии онҳо боис мешавад, ки ҷавонон аз пешбарии худ ба вакилӣ худдорӣ варзанд.

Бахтиёр, коршиносни тоҷик, мегӯяд, бо боло бурдани мақоми ҷавонон дар феҳристҳои интихоботӣ, бояд ба онҳо имкон дод, ки аз қишри ҷавони кишвар дар порлумон намояндагӣ ва ба мушкилоти ҳамсолони худ расидагӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG