Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти марзии Бишкеку Тошканд идома хоҳад ёфт


Бишкек мегӯяд, музокироти мунҷамидшудаи Қирғизистону Узбакистон ба хотири таъйин ва аломатгузории марзи миёни ин ду кишвар дар моҳҳои наздик аз сар гирифта хоҳад шуд.
Саломат Аламонов, раҳбари бахши масоили минтақа дар ҳукумати Қирғизистон гуфт, ду кишвар баҳси асноди марзиро то моҳи апрел идома дода, сипас ба ташкили ҷаласоти марбут ба таъйин ва аломатгузории марз шурӯъ хоҳанд кард.
Тавофуқ пиромуни азсаргирии кори куммиссиюни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзҳо моҳи декабр зимни сафари сарвазири Қирғизистон Дониёр Усенов ба Тошканд ҳосил шуда буд. Нахустин иҷлоси ин куммиссиюн баъд аз 5 соли таваққуф дар таърихи 29 декабр доир шуд.
Ду кишвар то ҳол 900 километр марзи муштараки худро таъйин ва аломатгузорӣ кардаанд, вале баҳси мавзӯъ дар робита ба 600 километри дигари марз ҳанӯз идома дорад.
XS
SM
MD
LG