Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯъи расмии фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун


Рӯзи 6 январ дар Тоҷикистон расман фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун оғоз ёфт. Муҳаммадсаид Убайдулоев, шаҳрдори Душанбе, ки худ низ субҳи барвақт ба маблағи 5 000 сомонӣ саҳмия харид, аз мардуми сокини пойтахт даъват кард, дар ин маърака ба таври фаъолона саҳм бигиранд. Оқои Убайдуллоев изҳори итминон кард, ки сокинони Душанбе то поёни сол ба маблағи то 400 миллион доллар аз саҳмияҳои Роғун хоҳанд харид.
Давлати Тоҷикистон баъд аз чанд соли ҷустуҷӯи бенатиҷаи сармояи хориҷӣ эълон кард, ки сохтмони нирӯгоҳи Роғунро мустақилона шурӯъ мекунад. Ба манзури ҷалби сармояи дохилӣ давлат ба маблағи 6 миллиард сомонӣ, муодили тақрибан 1 миллиарду 400 миллион доллар, саҳмия нашр кардааст, ки сар аз имрӯз тавассути 583 нуқтаи фурӯш дар саросари Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шуданд. Аммо бархе аз он шикоят мекунанд, ки онҳоро ба харидани ин саҳмияҳо маҷбур мекунанд.
XS
SM
MD
LG