Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози Ҷашнвораи барфу ях дар Ҳарбин


Дар Ҳарбини Чин Ҷашнвораи солонаи байналмилалии пайкараҳои яхиву барфӣ оғоз ба кор кард. Ҳайкалтарошон имсол дар ин ҷашнвора бояд аз ях маъбадҳои буддоӣ, қасру кӯшкҳо ва ҳам муҷассамаи Абӯлҳавл, ё худ Сфинксро битарошанд.
Ҷашнвораи 26-уми Ҳарбин дар ҳоле оғоз шуд, ки ҳарорати ҳаво дар ин минтақаи шимоли Чин 16 дараҷа зери сифр шудааст, вале ин ҳавои сард низ ба шодии издиҳоми тамошобинони ин ҷашнвора афзуд, чунки қарори маълум, сардӣ умри ҳайкалҳои яхиро ҳатман дарозтар хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG