Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 11 ҷангӣ дар Вазиристони шимолӣ


Мақомоти иктишофии Покистон мегӯянд, имрӯз бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини эҳтимолан Амрико дар як манзил дар Вазиристони шимолӣ дастикам 11 нафар кушта шуданд. Ин мақомот, ки бидуни бурдани ном сӯҳбат кардаанд, гуфтаанд, субҳи имрӯз ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико алайҳи манзиле, ки тамрингоҳи Толибон шинохта мешуд, ду мушак шиллик кардааст, ки мунҷар ба ҳалокати чандин ҷангӣ шуд. Баъди чанд лаҳза болои ҷангиёне, ки талош доштанд, аҷсоди кушташудагонро аз зери овори ин сохтмон берун бикашанд, чанд мушаки дигар шиллик шудааст. Сарзаминҳои қабиланишини Вазиристони шимолӣ дар марз бо Афғонистон як пойгоҳи маълуми ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида аст.
XS
SM
MD
LG