Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дипломати эронӣ ба нишони эътироз истеъфо дод


Як дипломати сафорати Эрон дар Норвегия, бино ба хабарҳо, ба нишони эътироз ба шеваи шадиди бархӯрди Теҳрон нисбат ба эътирозгарон истеъфо додааст. Муҳаммадризо Ҳайдарӣ ба шабакаи норвегии NRK гуфтааст, ки ӯ сохтмони сафоратро тарк гуфта, тасмим гирифтааст, бо мақомоти Осло дар тамос шавад. Ҳайдарӣ, ки бино ба хабарҳо, се сол боз дар Осло кор мекард, гуфтааст, “виҷдонаш иҷозат намедиҳад, ки дар мақом бимонад". Вазорати умури хориҷии Эрон аммо ин хабарро “бебунёд” хонда, радд мекунад.
XS
SM
MD
LG