Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотираҳои ман аз Муҳаммадраҳими Сайдар


Чашмони ӯ, ки ҳанӯз оташаки шӯхиҳои ҷавонӣ дар онҳо шӯъла мезад ва симои ӯ, ки танҳо нури меҳрубонӣ аз он метобид, дарднок ба ёдам мерасанд.

Ва сукутҳои гоҳе тӯлонияш. Ҳаргиз шитоб намекард ҳатто ба тааррузи ошкорое дафъатан ва ҳамонзамонӣ посух бидиҳад. Кас намедонист, дар ин лаҳзаҳо дар дили ӯ чӣ мегузарад. Дертар рӯшан мешуд, ки посух дар он лаҳза аслан нодаркор ҳам будааст. Сукути ӯ маъно дошт. Аммо гоҳи дигар посухи ӯ деру шер меомад. Кӯтоҳ, боумқ, ниҳоӣ ва маҳкам. Бе зарурате ба идома ё бозгашт ба сари мавзӯъ.

Боре надидаам, ки Муҳаммадраҳим чизе аз сари хашм гуфта бошад. Ва ё мисли даҳҳо нафари дигар ба як-ду калима кору ҳастии касеро хатти бутлон зада бошад.

Тамкини ӯ бар хислатҳои неки инсонияш, бар дониш ва эътиқоди қавияш поя дошт, на ба шиорҳову ҷаҳишҳои рӯз, ки ҳубобвор нопойдор ва ивазшавандаанд.

Нахустин мулоқоти мо дар тобистони соли 1978, замоне ба вуқӯъ пайваста буд, ки Муҳаммадраҳим ҳамчун хабарнигори Радиои Тоҷикистон ва ман ҳамчун коромӯзи “Комсомоли Тоҷикистон” дар ҷашни як урдугоҳи тобистонаи мактаббачагон дар дараи Варзоб вохӯрдем. Як шоми аҷибе буд, ки ман ба кори ӯ зеҳн мондам ва чизҳои зиёде омӯхтам. Чӣ гуна бо одамон сӯҳбат мекард ва сипас садои онҳро дар навор забт менамуд. Баъдаш раиси урдугоҳ бо мошине моро хона ба хона бурд ва дар ёд дорам, Муҳаммадраҳим дар яке аз деҳаҳои атрофи Душанбе мезист ва ин ҷое буд, ки чун шаб ба он ҷо расидем, аз сари роҳаш чароғҳои Душанбе мисли дарёи нур ба чашм мехӯрд.

Аз он ба баъд, Муҳаммадраҳим гаҳ-гоҳе мехост, ман барои барномаи радиоии ӯ чизе бинависам. Мегуфт, "ту донишҷӯ ҳастӣ, чор тангаи изофа ба ту зарар нахоҳад дошт."

Худ пулдор набуд, аммо ғами дигаронро мехӯрд.

Чанд сол баъдаш дар як бино -- Иттифоқи нависандагон ҳамкор шудем. Кабинети ӯву Баҳманёр дар идораи маҷаллаи "Садои Шарқ" мафҳили мо, ҳамандешон, буд ва пас аз рӯзи корӣ чандин нафар ин ҷо ҷамъ мешудему сӯҳбату баҳсҳои мо аз сарнавишти миллат ва кишвар то ними шаб доман мекашид. Ин ҳуҷраи танг зодгоҳи андешаҳои мо аз истиқлолхоҳию ватанпарастӣ ва ҳифзи забону фарҳангу дину мазҳаб буд. Ва ҳам хондану баррасии навиштаҳои хеш ё осори нависандагони бузурги ҷаҳон.

Ин ҷо ҳам Сайдар камҳарф буд, вале қавиҳарф. Дигарон ҳадс мезаданд, мо барои он ба хонаҳои худ шитоб надорему то дер дар коргоҳ мемонем, ки хона надорем.

Заҷре, ки Сайдар аз дарбадарию бехонагӣ дар кунҷакҳои иҷора ва зери таҳқири соҳибхонаҳои асосан рус дар Душанбе кашидааст, ба ҳамаи намояндагони насли мо хос аст. Ин дарди ӯ солҳо ҷӯшид ва дар шакли яке аз беҳтарин достонҳои ӯ — “Пирамард ва саг” рӯи коғаз рехт. Марди пир ва саге аз хилоли шаҳре мегузаранд, ки мардумонаш дар хобанд ва аз раҳму шафқат бӯе набурдаанд.

Мусофири хастаҷон дар яке аз паскӯчаҳо фурӯ меафтад ва саг низ наздики ӯ меояду дар пеши пояш ғунча мезанад. Сарнавишти инсону саг ба ҳам меомезанд ва фарқе дар миёна намемонад.

Забони достонҳои Сайдар хонандаро шефтаи худ мекард. Ин забони наср набуд, балки шеъре буд, ки бо раҳоӣ аз вазну қофия ба дашти пур аз лола мемонд ва ё ба осмони кабуди пур аз парандагони гуногун.

Агар бисёре аз асарҳои насрии он давра ба оби хлорзадае аз ҷумаки лӯлаҳои обгузар шабоҳат доштанд, достонҳои Сайдару Баҳманёр ё Муҳаммадзамону Муаззама шабеҳи оби чашмаҳои соф буданд, ки аз умқи ин сарзамин пургуҳар берун меомаданд.
Сайдар аз адабиёти гузашта бисёр омӯхта буд ва адабиёти муосири Эрону Афғонистонро хуб медонист. Забондонияш ӯро ба муҳаррири қавие табдил дода буд, ки дар маводи барои “Садои Шарқ” омода мекардааш бараъло дида мешуд. Тозакор буд ва сари ҳар нуқтаву вергул ҳам нури чашм ба харҷ медод.

Кор дар маҷалла вақти зиёди Сайдарро мегирифт, ӯро хаста мекард ва намегузошт, бештар машғули офариниш бошад. Кам менавишт, аммо пухтаву сара ва маҷбур буд, кори зиёд кунад, то ризқи худу тифлонашро ба даст орад. Падари бачадӯстдоре буд.
Дар поёни солҳои 1980, ниҳоят Сайдар соҳиби манзили худ шуд. Дар маҳаллаи навсохти “Испечак” ба ӯ хона доданд. Чанд сол баъдаш ба ман аз маҳаллаи “Зарафшон” манзиле расид ва гоҳе иттифоқ меафтод, ки ҳамроҳ ба корхона равем ё ҳамроҳ аз кор баргардем. Як бор аз маркази шаҳр то хонаҳои худ тамоми роҳро пиёда рафтем.

Ин пиёдагардии чандсоата шоми 13-уми феврали соли 1990, дар буҳбуҳаи рӯйдодҳои "Баҳманмоҳи хунин" ба вуқӯъ пайваст. Аз ин тарафу он тараф садои тирандозиҳо ба гӯш мерасид. Зиреҳпӯшҳо аз кӯчаҳои Душанбе бо суръат мегузаштанд. Дар пешгоҳи “қасри ҳукумат” ҷавонони намоишгарро сарбозони шӯравӣ тирборон карда буданд ва 26 нафар кушта шуд, аз ҷумла ду нафар дар пеши чашми мо.

Дар роҳ, аз Қарияи Боло, ки гузаштем, дар назди хонаҳо тӯдаҳои мардуми ҳаросон гирд омада буданд ва мехостанд, бидонанд, ки дар шаҳрашон чӣ мегузарад. Сайдар ва ман он шом “маърӯзачиён”-и рӯйдодҳои баҳманмоҳ будем. Дар назди ҳар тӯдае аз мардум меистодем ва аз воқеъаҳое, ки дар маркази шаҳр иттифоқ афтод, ба онҳо маълумот медодем. Сайдар ба тоҷикӣ ва ман ба русӣ.

То “Испечак” мо тақрибан дар 8-9 ҷой таваққуф кардем ва ҳақиқати вазъи Душанберо ба ҳамшаҳрони худ қисса намуда, ба суолҳои беохири онҳо посух додем. Ин ҷо буд, ки ман шоҳиди наттоқӣ ва гуфтори пурмӯҳтаво ва мантиқии Сайдар шудам. Вай озод сӯҳбат мекард, бе ягон ҳаяҷон ё шӯру эҳсосот, бе хашм ва ғазаб, бо далел ва мантиқ.

Ман гоҳе зиёдаравӣ мекардам, Сайдар маро насиҳат медод, ки гуфтани ҳақиқат худ кофист, мардум гӯл нестанд.

Ҳанӯз дар соли 1989 Муҳаммадраҳими Сайдар ҳамроҳи Адаш Истад бо мақолаи “Расмулхатти бобоӣ — нури басари моӣ!” зарурати бозгашт ба ҳуруфи нимёконро исбот карда буданд.

Бо зикри маҳкамтарин далелҳо, онҳо тақозо доштанд, мӯҳлати чунин гузариш аз тариқи қонун ниҳоӣ шавад.

Дар як матлаби дигаре, ки ин ду нависандаи саршинос ташаббускораш буданд, барҳам додани вилоятҳо ҳамчун манбаи маҳалгароӣ ва тақвияти нақши ноҳияҳо пешниҳод мешуд.

Муҳаммадраҳими Сайдар беш аз бисёр адибони мо рисолати рӯшангарӣ ва зиёӣ буданро дарк мекард ва солҳо баъд аз ҷанги таҳмилии солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон азоби рӯҳӣ мекашиду мегуфт, ҳамаи рӯшанфикрон дар ин ҷанг гунаҳкоранд. "Ҳамаи мо бо хуни мардумамон олудаем..."

Вай дар сарсуханаш ба китоби машҳури Бӯрӣ Карим “Фарёди солҳо” менависад: “Дар ин ҷанг ҳама лофҳо газофанд, ҳама даъвоҳо ботил, ҳама хунҳо ноҳаққанд. Ин ҷанг бурд надорад. Ин ҷанг бохтҳо ва сабақҳо дорад.Тоҷики ғариб, дарбадар дар суроғи як дами осуда рафт. Ба ёди хонаҳои сӯхтаи худ, хоҳару модари таҳқирдидааш…”

Муҳаммадраҳим худ яке аз ин садҳо ҳазор тоҷикони ғариб буд, ки ҷанг хонаашро хароб кард ва сарнавишташро шикаст. Агар ин ҷанг намебуд, вай шояд ҳоло чандумин китоби худро нашр мекард. Беҳтарин навиштаҳое ба мерос мегузошт.

Бо он дили ҳассос, ки Муҳаммадраҳим дошт ва аз он ҷо, ки бештар даруннигар буд, то буруннигар, яъне дардро ба худ меҷабид мисли лиф обро, бемории ӯ аз ҳамон давраҳои нохушиҳои кишвар оғоз гирифт ва ҳамзамон бо афзоиши дарду ғами мардумаш, нобасомониҳои умраш, ғурбату дарбадариҳои нав лумбиду бузург шуд ва ӯро ба коми бало кашид.
XS
SM
MD
LG