Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷузъиёти бештари ҳамлаи хунин дар Доғистони Русия


Таркиши интиҳории бомб дар ҷумҳурии Доғистони Русия имрӯз дастикам 6 корманди милисаро кушта ба ҷо гузошт. Дастикам 14 тани дигар, ағлаб афроди ғайринизомӣ дар натиҷаи ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд.
Маргталаб мошини бомбгузоришудаашро дар канори Махачқалъа, пойтахти Доғистон, замоне тарконд, ки мошини милиса пеши роҳи мошини ӯро баст.
Муҳаммад Исоев, муовини вазири умури дохилаи Доғистон гуфт, маъмурони милиса бо бастани пеши роҳи мошини маргталаб аз талафоти бузургтар ҷилавгирӣ кардаанд: “Ин мошин пеши роҳи мошини террористҳоро, ки талош дошт вориди мақари баталйон шавад, гирифт. Дар натиҷа мошини бомбгузоришуда натавонист дохили майдоне шавад, ки аҳли баталйон дар он соат саф ороста буданд.”
Ҷумҳуриҳои минтақаи Қафқози шимолии Русия тайи солҳои охир шоҳиди мавҷи ҳамлаҳоеянд, ки бештар кормандони милисаро ба ҳадаф доранд. Нозирони умур фақр, гароиш ба Ислом ва истифодаи беш аз ҳадди зӯр аз ҷониби мақомоти интизомиро авомиле мехонанд, ки ба оташи хушунатҳо дар ин минтақа равғани бештар мерезад.
XS
SM
MD
LG