Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари марги Муҳаммадраҳим маро дар хоб дарёб кард. Баъд аз зӯҳр буд. Хоб ҳам не, танҳо лаҳзае маро пинак бурда буд, аз ҳамон пинакҳои изтиробангезе, ки пеш аз шунидани хабари бад дилро сиёҳ ва сарро вазнин мекунанд.

Зӯҳри якшанбе, рӯзи сеюми соли нав аз Маскав хабар расид, ки Муҳаммадраҳим гузашт. Ин ҳақиқат, ки Сайдар дигар бо мо нест маро пакар кард… гӯё кадом вақте ин ҳолатро аз сар гузаронидаам, гӯё хабари марги ӯро ҳамон вақт шунидаам. Тамоми солҳои шиносоиям бо Сайдар дар як они воҳид аз пеши назарам гузашт. Ёдам омад, ки бори аввал ӯро авохири солҳои 80 ум дар авҷи муборизаҳои озодихоҳӣ ва ҳифзи забону ҳуввияти миллӣ дидам. Ҷавони зардинаи камгап, пурандеша ва аз ҳад зиёд фурӯтан. Гуфтанд, ки нависанда аст.

Баъд охирин гуфтугӯи телефонӣ бо Сайдар ба ёдам омад. Гуфтугӯе, ки аз он ҳис кардам, ҳолаш хуб набуд. Парешонхотир буд. Гоҳ аз ин мегуфт гоҳ аз он, фикраш ҷамъ набуд. Ҳадс задам, ки қандаш баланд аст. Чанд моҳи ахир ӯ бемору танҳо ба сар мебурд ва мо нигарон будем, ки мабодо ҳодисае шаваду касе хабар наёбад. Дар пайи таҳияи аснодаш буд барои бознишастагии маъюбӣ, ҳарчанд бо он ҳоле ки дошт, бояд кайҳо бознишаста мешуд. Аммо пизишкони рус дар танзими ҳуҷҷатҳои ӯ баҳонаҷӯӣ мекарданд.

Як рӯз ҳолашро пурсидам, гуфт "ҳоламро худам медонаму худо..." Гуфтам, Муҳаммадраҳим дар Русия танҳоӣ, шояд ба Душанбе ба назди хешу таборат биравӣ? Гуфт: " дилам доғи Тоҷикистон аст, аммо бояд коғази бознишастагӣ бигирам, санадаҳоям омодаанд, ками дигар монд, таҳаммул мекунам." Аз қазор, на нафақаи Русия насибаш кард ва на дидори охирин бо наздикон.

Бо Муҳаммадраҳим мо ҳашт сол ҳамкор будем. Ӯ дар Маскав, ман дар Прага. Соатҳо телефонӣ сӯҳбат мекардем, мавзӯъҳои рӯз ва тарҳи гузоришҳоро мекашидем. Борҳо ҳоҷати якдигаро баровардаем. Аммо агар ҳоло аз ман бипурсед, ки дар бораи Сайдар чӣ медонам, ба ин маънӣ ки оё ба гӯшаҳои зиндагиаш ворид будам, ба худо лол мемонам! Ман дар бораи зиндагии дӯст ва ҳамкори ҷавонмаргам чизи зиёд намедонам. На аз он ҷо, ки таваҷҷӯҳ надоштам. Ӯ марди баҳиммату бурдбор буд, шикоятро дӯст намедошт, бечоранолиро ҳам, пӯшида буд. Аммо медонам, ӯ рӯзноманигоре буд беҳамто, нависандае буд боҳунар, инсоне буд шариф, падаре буд ғамхор ва тоҷике буд сарсупурдаи ватан…

Ёдат ба хайр ҳамкори азиз ва хоксори ман!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG