Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши хунини интиҳорӣ дар Махачқалъаи Доғистон


Таркиши интиҳории бомб дар ҷумҳурии Доғистони Русия имрӯз дастикам 5 корманди милисаро кушта ва беш аз 10 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ки маргталаб мошини бомбгузоришудаашро дар канори Махачқалъа, пойтахти Доғистон, замоне тарконд, ки мошини милиса пеши роҳи мошини ӯро баст.
Ҷумҳуриҳои минтақаи Қафқози шимолии Русия тайи солҳои охир шоҳиди мавҷи ҳамлаҳоеянд, ки бештар кормандони милисаро ба ҳадаф доранд. Нозирони умур фақр, гароиш ба Ислом ва истифодаи беш аз ҳадди зӯр аз ҷониби мақомоти интизомиро авомиле мехонанд, ки ба оташи хушунатҳо дар ин минтақа равғани бештар мерезад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG