Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии сипоҳ ба машқи ҷангӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз


ИРНО, хабаргузории расмии Эрон, мегӯяд, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон тасмим гирифтааст, дар поёни моҳи равон ваё дар авоили моҳи феврал дар гулӯгоҳи стротежии Ҳурмуз машқҳои баҳрӣ барпо кунад.
Ин иқдом дар пасманзари баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон ғолибан мояи афзоиши танишҳои Теҳрон бо Ғарб хоҳад шуд.
ИРНО аз қавли дарёсолор Муртазо Саффорӣ, фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Сипоҳи посдорони инқилоб, навишт, ки гуфтааст, ҳадаф аз ин бозиҳои ҷангӣ намоиши қудрат ва омодагии пурраи нирӯҳои сипоҳ барои муқобила ба ҳар таҳдиди эҳтимолист.
Беш аз 40 дарсади таъминоти бозори ҷаҳонии сӯхт тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз сурат мегирад. Гулӯгоҳи Ҳурмуз дарвозаи халиҷи Форс дониста шуда, Эрон қаблан таҳдид карда буд, ки дар сурати ҳадафи ҳамла қарор гирифтанаш, роҳи ин гулӯгоҳро хоҳад баст.
XS
SM
MD
LG