Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадич ба Косово сафар мекунад


Раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич имрӯз бо як сафари дурӯза вориди Косово мешавад, то дар маросими таҷлил аз иди Мавлуди Масеҳ ширкат кунад. Масеҳиёни православӣ Мавлуди Масеҳро дар таърихи 6 ва 7 январ, ду ҳафта дертар аз католикҳову протестантҳо таҷлил мекунанд.
Муовини сарвазири Косово Рамӣ Манаҷ гуфт, Приштина дархост барои сафари Тадичро тавассути ИА дарёфт кард ва бо ин умед иҷозаташ дод, ки Тадич аз ин сафар ба манзури суханрониҳои сиёсӣ сӯъиистифода нахоҳад кард.
Қарор аст, раисиҷумҳури Сербистон дар намози ид дар дайри барои сербҳо муқаддаси Високӣ Десанӣ ширкат кунад.
Косово ду сол қабл истиқлолияташ аз Сербистонро эълон кард. Вале Белград инро эътироф намекунад.
XS
SM
MD
LG