Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лӯлаи дуввуми газ аз Туркманистон ба Эрон боз шуд


Руасои ҷумҳуриҳои Туркманистону Эрон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз дар расми гушоиши лӯлаи дуввуми газ миёни ин ду кишвар ширкат карданд.
Лӯлаи Давлатобод-Сарахс-Хонгирон 30,5 километр тӯл дошта, содироти гази Туркманистон ба Эронро беш аз 2 маротиба афзуда, ба ҳудуди 20 миллиард метри мукааб дар сол хоҳад расонд.
Аҳмадинажод дирӯз, дар пайи боздид аз Тоҷикистон, вориди Ишқобод, пойтахти Туркманистон шуд.
XS
SM
MD
LG