Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши бомб дар хобгоҳи артиши Покистон


Таркиши бомб дар хобгоҳи артиш дар Тарорхул, минтақае воқеъ дар Кашмири таҳти назорати Покистон, мунҷар ба ҳалокати дастикам 3 сарбоз ва ҷароҳат бардоштани 11 тани дигар шуд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки бомб аз қабл дар хобгоҳи сарбозон ҷобаҷо шуда буд ваё инфиҷор натиҷаи ҳамлаи маргталабона бошад. Аз оғози амалиёти вижаи артиши Покистон алайҳи пойгоҳҳои ҷангиёни толиб дар манотиқи наздик ба марзи Афғонистон, яъне аз миёнаҳои моҳи октябр ба ин сӯ, дар Покистон беш аз 500 нафар бар асари ҳамалоти ҷангиён кушта шуданд. Аммо Кашмир то ҳол оромтар ба назар мерасид.
Ин вилояти воқеъ дар кӯҳистони Ҳимолой байни Ҳинду Покистон таҷзия шудааст, вале ҳарду кишвар ба тамоми қаламрави Кашмир даъво доранд.
XS
SM
MD
LG