Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон мақомоти Панҷакентро айбдор мекунад


Мақомоти марзбонии Узбакистон хабар додаанд, ки ахиран дар ҳудуди ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи ҳудуди 4 кило ҳероин ва 19 кило афюн боздошт кардаанд. Алайҳи боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дафтари матбуоти Хадамоти амнияти миллии Узбакистон мегӯянд, шавоҳиди бадастомада ҳокист, ки чунин талошҳои убури ғайриқонунии марз ва фаъолиятҳои ғайриқонунӣ дар қаламрави Узбакистон таҳти пуштибонии ғайриалании мақомоти интизомиву марзбонӣ дар ноҳияи ҳамҷавори Панҷакент содир мешаванд.
XS
SM
MD
LG