Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ICG ба ислоҳоти низоми кор даъват дорад


Агар кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд аз носуботии сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҷилавгирӣ намоянд, пас бояд дар соҳаи кор даст ба ислоҳот бизананд.

Тозатарин гузориши Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ (ICG) оид ба таъсири бӯҳрони саросарии молӣ ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз мушкилоти эҳтимолӣ дар минтақа ба сабаби бӯҳрон дар кори муҳоҷирон ҳушдор додааст. Дар ин гузориш вазъ дар се кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ба риштаи таҳлил кашида шудаааст. Гузориш мегӯяд, то оғози бӯҳрон дар соли 2008 маблағе, ки муҳоҷирон ба ватанашон мефиристоданд, дар Тоҷикистон нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ (ММД), дар Қирғизистон чаҳоряки он ва дар Узбакистон ҳаштяки онро ташкил медод. Аммо ба сабаби сар задани бӯҳрон миллионҳо муҳоҷири корӣ аз ин се кишвар ҷойҳои кории худ дар Русия ва ё Қазоқистонро аз даст додаанд. Дар гузориш омадааст, то охири соли 2009 аз чандсад ҳазор то ба як миллион муҳоҷир аз Русия ба Осиёи Марказӣ баргаштааст.

Гузориш гуфтааст, бӯҳрон заъфи кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ нишон додааст. То сар задани бӯҳрон мақомоти ин кишварҳо мушкили бекориро то андозае бо роҳи содироти нерӯи корӣ ба берун ҳал мекарданд. Дар гузориш омадааст, афзоиши раванди бесаводӣ дар ин кишварҳо бад-он сабаб, ки ҷавонони донишманду маълумотдида ва солиму мутахассис ватанашонро тарк мегӯянд, низ метавонад боиси мушкил дар оянда шавад. Аз ҷумлаи таъсироти бади муҳоҷират боз он будааст, ки заминҳо бекор мехобанд, кӯдакони дур аз падар ва занҳои дур аз шавҳар мушкилоти равонӣ хоҳанд дошт.

Пешгӯиҳое дар мавриди бозгашти саросарии муҳоҷирони бекормондаву ғазабнок ба ватанашон дуруст набаромад, аммо қабл аз бӯҳрон сарварони кишвраҳои минтақа ҳадди ақал аз бесуботиҳо дар ташвиш набуданд, чун манбаъи асосии эҳтимолии ҳар як бесуботие – ҷавонон – дар муҳоҷирати корӣ дар берун аз кишвар буданд, кор доштанд, маблағ меёфтанд ва зиндагияшонро пеш мебурданд.

Бидуни ислоҳот дар низоми кор дар кишварҳои минтақа, бекорӣ ва бозгашти ҷавонони муҳоҷир як мушкили дигар дар феҳрасти дарози мушкилиҳо дар минтақа хоҳад буд, мегӯянд муаллифони гузориш.

Назарҳо аз Тоҷикистон ба ин гузориш ва тафсилоти бештари он дертар нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG