Пайвандҳои дастрасӣ

Раисҷумҳури Амрико Барак Обама дар Кохи сафед бо мақомоти аршади кишвар барои муҳокимаи чораҳои зиддитеррористӣ вохӯрӣ анҷом дод. Сабаби баргузории ин мулоқот кушиши номуваффақи ҳамлаи террористӣ дар ҳавопаймои хатсайри Амстердам-Детройт дар рӯзи 25-уми декабр будааст.

Дар нишаст беш аз бист мушовири аршади Обама дар умури амният, назири вазири дифоъ Роберт Гейтс, вазири корҳои хориҷа Ҳиллари Клинтон, вазири амнияти миллӣ Ҷанет Наполитано, раиси Оҷонси марказии кашф Леон Панетта, додситони кул Эрик Ҳолдер, раиси Бюрои федералии кашф Робет Мюлер ва дигарон шикрат варзиданд.

Баъд аз анҷоми мулоқот Барак Обама ба назди хабарнигорон ҳозир шуда, мухтасар дар бораи мӯҳтавои вохӯрӣ маълумот дод:
“Вақте шахси гумонбаршуда дар терроризм дар рӯзи ҷашни Милоди Масеҳ тавонист бо маводи тарканда вориди ҳавопаймо шавад, ин аз ноком шудани низоми таъмини амният шаҳодат медиҳад. Ман ӯҳдадорам, то таҳқиқ кунам, ки чаро ин иштибоҳ рух дод ва онро тавре ислоҳ кунам, ки мо аз чунин ҳамлаҳо дар оянда пешгирӣ кунем.”

Обама хабар дод, ки ҳамоно баъд аз ин ҳодиса амр намудааст, ки ду таҳқиқи ҷудогона анҷом дода шавад ва дар асоси онҳо гузоришҳо пешкаш шаванд. Ба вазири амнияти миллӣ Ҷанет Наполитано амр шуд, ки тафтиши мусофирони ҳавопаймоҳоро омӯзад. Мушовираш дар умури амнияти миллӣ ва амалиётҳои зиддитеррористӣ Ҷон Бренан муваззаф буд, ки системаи феҳристи гумонбаршудагонро бори дигар бодиққат мавриди омузиш қарор диҳад. Сарвари Амрико гуфт, натиҷаҳои ин гузоришҳо дар чанд рузи оянда дастраси ҳамагон хоҳанд шуд.

Обама гуфт, ниҳодҳои истихборотӣ медонистанд, ки Умар Фаррух Абдумуталлаб ба Яман рафта, дар он ҷо ба гуруҳи ифротгароён пайваст ва инчунин маълум шуд, ки ниҳодҳои истихборотӣ медонистанд, ки гурӯҳи ал-Қоидаи нимҷазираи Арабистон ҳамлаеро дар қаламрави Амрико тарҳрезӣ мекард ва анҷомдиҳандаи ин ҳамла аз ҷониби гурӯҳ Абдумуталлаб хоҳад буд. Обама гуфт, тибқи он маълумоте, ки ниҳодҳои амниятии кишвар доштанд, Абдумуталлаб ҳеҷ гоҳ намебоист савори он ҳавопаймо мешуд:
“Хулоса ҳамин аст. Ҳукумати ИМ барои ошкор намудани ин нақша ва пешгирӣ намудан аз кӯшиши ҳамла маълумоти кофиро дар ихтиёр дошт. Аммо ҷомеаи истихборотиамон дар хулоса намудани ин маълумот ноком шуд.”

Обама гуфт, барои дифои мардуми Амрико ҳамоно баъд аз он ҳодиса вай амр намуд, ки чораҳои иловагӣ руи даст гирифта шаванд:
“Тафтишҳои нав дар парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, ташкили гурӯҳҳои бештари ошкор намудани маводи тарканда дар фурудгоҳҳо, шумораи бештари кормандони амниятӣ дар ҳавопаймоҳо ва тақвияти ҳамкорӣ бо ҳампаймонони хориҷиамон. Рӯзҳои наздик барои беҳбуд додани амният мо гомҳои иловагӣ хоҳем бардошт.”

Баъд аз ҳамлаи номуваффақ Кохи сафед тасмим гирифт, то шаҳрвандони 14 кишвари мусалмоне, ки ба Амрико парвоз мекунанд, мавриди тафтиши дақиқтар қарор бигиранд. Аммо мақомдорони хориҷӣ аллакай ин тасмими Вашингтонро мавриди интиқод қарор додаанд.

Аз рӯзи 4-уми январ тафтиши шаҳрвандони аз ҷумла Яман, Нигерия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Ироқ, Эрон, Лубнон, Либия, Покистон ва Сомалӣ тақвият дода шуд. Ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймое, ки ба Амрико парвоз мекунад, шаҳрвандони ин кишварҳоро бидуни истисно ду баробар бештар ва дақиқтар тафтиш хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест ки баъд аз ду рӯзи бекорӣ сафорати Амрико дар Яман дубора боз шуд ва фаъолияташро аз сар гирифт. Гуфта шуд, амалиёти бомуваффақи зиддитеррористии ҳукумати Яман нигарониҳои амниятиро бартараф намудааст.
XS
SM
MD
LG