Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи аввали фурӯши саҳмияҳо ва фазои ид дар Душанбе


Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе имрӯз, 6 январро Рӯзи ҳамбастагии сокинони пойтахт бо бунёди неругоҳи барқи обии Роғун эълом кардааст. Ба ин муносибат дар чаҳор ноҳияи пойтахти Тоҷикистон тадбирҳои идона идома дорад. Расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла шабакаҳои сартосарии телевизиони давлатии Тоҷикистон ва шаҳрдорӣ, барои ташвиқи сокинон аз ҷараёни харидории саҳмияҳои неругоҳи Роғун гузоришҳои мустақим пахш мекунанд. Дар нуқтаҳои фурӯши саҳмияҳо мусиқӣ ба гӯш мерасад ва шарҳдории Душанбе ҳунармандонро барои иҷоди фазои идона ба ин нуқтаҳо ҷалб кардааст.
XS
SM
MD
LG