Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон фурӯши саҳмияҳои Роғун оғоз шуд


Имрӯз аз соати 7 субҳ ба вақти Душанбе фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи неругоҳи барқи обии «Роғун» дар саросари кишвар оғоз шуд. Вазорати молияи Тоҷикистон саҳмияҳои манзуриро бо арзиши номилалии 100, 500, 1000, 5 000 сомонӣ ва ҳамчунин сертификати саҳмияҳои номӣ, ки барои маблағи беш аз 5 ҳазор сомонӣ муқарар шудааст, дар дохили кишвар чоп кардааст. Дар маҷмӯъ беш аз 5 миллион нусха саҳмияҳои манзурӣ ва сертификати саҳмияҳои номӣ бо маблағи 6 миллиард сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Давлати Тоҷикистон нархи ойиномавии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи неругоҳи барқи обии «Роғун» -ро низ ҳамин миқдор маблағ арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG