Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин таҳримҳои нави зидди Эронро ҳимоят намекунад


Жанг Йесуй-намояндаи Чин дар СММ рӯзи сешанбе аз таҳримҳои наве, ки кишварҳои ғарбӣ барои барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эрон ба он даъват мекунанд, ҳимоят накард ва гуфт, талошҳои идомадоштаи дипломатӣ "вақти бештар ва сабурӣ" мехоҳад. Ин тавзеҳоти намояндаи Чин дар СММ дар ҳоле садо медиҳад, ки як рӯзи пеш хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон бо муттаҳидони худ ба баррасии таҳримҳои ҷадид бар зидди Эронро оғоз кардааст. Хонум Клинтон гуфт, ин бад-он маъно нест, ки Вошингтон умеди худро барои гуфтугӯҳо бо Теҳрон аз даст диҳад. Дар поёни соли 2009 зарбулаҷал барои Эрон дар бораи қатъи барномаҳои ҳастаиаш поён ёфт.
XS
SM
MD
LG