Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон созмонҳои хориҷиро дар "ҷанги сард" муттаҳам кард


Ҷумҳурии Исломӣ даҳҳо созмони хориҷиро дар шурӯи “ҷанги нарм” бо Эрон ва даст доштанашон дар ошӯбҳои баъди интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар айбдор кард. Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломӣ аз ҳудудан 60 ташаккули амрикоиву байналмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла радио Фардо ва ББС ёд кард. Дар миёни дигар созмонҳо исми Институти ҷомеаи кушоди марбут ба сарватманди амрикоӣ Ҷорҷ Сорос, Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch ва созмони Хонаи Озодӣ бурда шудааст. Муовини вазири иттилооти Эрон дар умури масоили байналмилалӣ ин созмону гурӯҳҳоро дар фаъолиятҳои зидди режими Ҷумҳурии Исломӣ айбдор кард ва гуфт, ки иртибот ва ҳамкорӣ бо ин созмонҳо мамнӯъ аст. Фаъолони ҷамъиятиву тарафдорони мухолифин мегӯянд, ки мақомоти Эрон ҳар чи бештар талош доранд табодули маълумотро дар дохилу беруни ин кишвар баъди интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии ин кишвар маҳдуд кунанд.
XS
SM
MD
LG