Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бигзор, то бигирям...


Ном: Далер аз: Маскав

04.01.2010 02:25

Бисёр одами хуб буд, Худованд чояшро чаннат бигардонад, Омин....
________________________________________
Ном: Abdulloh аз: Kulob
04.01.2010 14:30

Inna lillohi va inna ilayhi rojiun
________________________________________
Ном: ashk аз: chashm
04.01.2010 04:47

assalomu alaukum!
Chi fojiayi gushnoshunidanie!! Va man hayronam ki charo az diabet ?okhir aksari mardumi giriftori qand zindagii oromu mu´tadil dorand ,va albatta bo insulin va diet metavonand umri khudro daroz kunand.Va ammo charo akoyi Saudar (khudo biomurzadash) natavonist umri daroz binad? eshon hatman stressi ziyod va yo ghizoyi sari vaqtu bo rezhim nadoshtaast , ki medonad....Ba har surat chi shud yo charo in tavr shud, javobguyi in suol holo in dunyoyi foniro padrud guftaast.voqean ham u javonmarde bud, ki hamesha dar borayi muhojirin qissa mekardu ,dar khushii onho mekhandidu dar margashon girja.Vale aknun khudi u dar gharibi jon ba jabbor supurd , khudo rahmatash kunad, va khonayi akhiratashro obod gardonad, omin.
U Iskandari 2 yumi (manzuram az Iskandari Khatloni ast) tojik bud,ki dar ghurbat ba dunyo khomushon raft.
Ba hama kheshonu taboroni u sabri jamil mekhoham.
Saburiro pehsayi khud kuned, va az khudovand hidoyat talab kuned,ki in dunyo guzarost...guzaro..
________________________________________
Ном: Pushyoni аз: Norge
04.01.2010 05:02

Inna lillohi va inna ilayhi rojiun. Khohishmandem, hamdardii moro ba ahli khonadoni marhum birasoned. Matolibashonro hama vakt mekhondam. Vokean in ruydodi shum baroi mo talafoti kalon ast. Makonashon jannat-ul-firdavs boshad.
________________________________________
Ном: Sattor аз: Dushanbe
04.01.2010 07:19

Hamdardii moro kabul kuned va ham hamdardii mo shunavandagonro ba ahli khonavodai Муҳаммадраҳими Сайдар birasoned, tashakkur.
________________________________________
Ном: Насибҷон аз: Алмаато
04.01.2010 10:56

Ин хабари ҷонкоҳ дили мо, дӯстон ва ҳампешагонро реш кард. Зеро Муҳаммадраҳим инсоне буд накӯхислату меҳрубон ва ватандӯсту инсонпараст. Бо ӯ ман ҳанӯз аз даврони ҷавонӣ, солҳои 70 –и садаи гузашта ошно будам ва маҳз чунин хислатҳои наҷиби инсониаш, ки баъдтар дар навиштаҳояш низ бозтоб ёфтааст, маро бо вай қарин карда буд. Вале ба асари рӯйдодҳои шуми солҳои 90 мо ҳама пароканда шудем ва дигар дидори ин азиз муяссарам нашуд. Мо танҳо тавассути телефон ва нома бо ҳам иртибот доштем. Ва имрӯз ин хабари ғамангез …Муҳаммадраҳим бештар дар ғами Ватан ва мардуми диёри хеш буд ва ин ғам ӯро аз байни мо бурд. Тавре ки аз чунин ғам қаблан азизонамон устод Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддини Соҳибназар, Имомназари Холназар, Маҳмадалии Давлат ва даҳҳои дигар ин дунёи бевафоро падруд гуфтанд ва гӯиё Шайх Саъдӣ дар ҳаққи ин ашхос фармудаанд: «Ман аз бенавоӣ наям рӯйзард, Ғами бенавоён рухам зард кард». Вале номи ин ашхосе, ки дар ғами мову шумо буданд, то ба садсолаву ҳазорсолаҳо боқӣ хоҳад монд. Зеро тавре бузургон гуфтаанд, инсон меравад ва аз вай ба ҷузъ ном чизе намемонад ва номи онҳое мемонад, ки дар андешаи мардум буданд на дар ғами ҷоҳу мол ва пур кардани ҷайби хеш.

Ҳарчанд дар ин лаҳзаҳои душвор худ ниёзманди тасаллият ҳастам, вале боз ҳам ба аҳли хонаводаву пайвандони ҳамкори азизам, адиб ва журналисти боистеъдод Муҳаммадраҳими Сайдар ва ҳамкорону дӯстон ва ҳама ватанпарастони тоҷик изҳори тасаллият мекунам ва барояшон сабри ҷамил орзу дорам ва аз даргоҳи Худованд мехоҳам, ки ҷои ин азиз дар ҷаннат бошаду рӯҳаш ҷовидонӣ.
________________________________________
Ном: Одил аз: Точикистон
04.01.2010 11:00

Худо рахматаш кунад ва дар рахмати худо бошад...
________________________________________
Ном: Амин аз: Кулоб
04.01.2010 11:07

Худо, рухи озурдаашро, ки аз озурдагии мухочирони кори хамеша намеосуд, дар охират осуда гардонад. Як инсони хамеша дар такопуву чустучу ва арзу ниёзшунави мухочирон буд. Дуо мекунем, ки Худо чояшро чаннат гардонад. Омин!
________________________________________
Ном: Одил аз: Точикистон
04.01.2010 11:11

Ман аз марги нобахангоми яке аз шахсиятхои бузурги миллат хелло андухгин шуда аз даргохи худованд, ба хешону наздикони мархум сабри чамил хохонам.
________________________________________
Ном: Шоҳмансур аз: Эрон
04.01.2010 11:21

Сайдар андешаи рўшан буд.Солҳое,ки хабарнигори Садои Хуросон дар Маскав буд,боре радио ўро барои боздид ба Эрон даъват намуд.Тули муддате,ки дар Машхад бо ў ҳамроҳ будам,чанд хислати хубашро дарёфтам -беиддао,фурутан,андешаманд ва ,миллатдўст.Гузашта аз ҳамаи инҳо Сайдар инсони ворастаю сарбаланде буд.Падарам,ки муддате бо ў дар радиои чумҳури кор карда буд,борҳо аз ў зикри чамил мекард.Ман хондани ҳикояҳои ўро хеле дўст медоштам,чунки талош мекард ҳарфу нуктаи наву тоза гўяд ва рисолати як нависандаро хуб дарк менамуд.Худо раҳматаш кунад.Ба хонаводааш аз номи худаму падарам арзи таслият мекунам. Шоҳмансур
________________________________________
Ном: Tojik Sufi аз: TW
04.01.2010 11:55

HUdovandi buzurg joyashro jannat gardonad , voqean habarnigori hub bud.
Mo niz hamdardi bayon mekunem.
________________________________________

Ном: ЮСУФИ КУБОДЁНИ аз: IRAN
04.01.2010 13:29

ИНО ЛИЛЛОХ ВА ИНО ИЛАЙХИ РОЧИЪУН
Даргузашти ин марди бузург,миллатдусту майханпараст ва хамрозу муниси беш аз 1 миллион ТОЧИК дар Русияро ба хамаи мардуми точик ва порсигу ва ба вижа хамватанони бе ин хам догдорам дар Русия таслият мегуям.
Устод Сайдар инсони матин, собир ва пурталош буд. Дар дусти ва хамкори хамеша бехтарин буд ва хар коре ки кабул мекард ба бехтарин нахви мумкин анчом медод.Корашро ошикона анчом медод.
Бо аз даст додани бузургоне чун мархум Сайдар ва мархум Хатлони сипари дифои хувиятии мо точикон дар баробари хачми азими тухматхои расонахои руси заиф шуд .Модари Точик Исмоилхои худро барои дифоъ аз хувият фарханг ва эътикодхои МИЛЛАТ курбони кард, аммо умед аст бо лутфи Худованди Рахмону Рахим Модари ТОЧИК дигарбора чунин фарзандоне ба бор хохад оварад.
РУХАШ ШОД ВА РОХАШ ПОЯНДА БОД!
________________________________________
Ном: кодир аз: Душанбе
04.01.2010 13:37

Мухаммадрахим марди нек, мехрубон, самими, якру ва яккавл буд. Миёни гуфтору кирдораш тафовуте набуд. Ватандусту миллатдуст буд. У ватану миллаташро на бо сухан, балки бо Дилу Акл дуст медошт, ба ин сабаб буд, ки дар ин бора кам харф мезад ва бар иваз харчи аз дасташ меомад барои ин ватану миллат ва афроди он мекард. Инсон, Мард ва Точик буд! Ёдаш ба хайр!
________________________________________
Ном: Хусейн. Абдусалом. Бону аз: Душанбе
04.01.2010 13:44

Худо чояшро чанат кунад ва ба оилааш ва фарзандонаш сабри чамил хохонем
________________________________________
Ном: ali аз: dangara
04.01.2010 14:09

hudo josha janat kunad omin
________________________________________
Ном: Саъдии Юсуфи аз: Душанбе
04.01.2010 14:13

Даргузашти Мухаммадрахими Сайдар шахсан барои ман хабари андухгине буд.Гарчанде аз наздик уро харгиз надида будам аммо аз лобалои гузоришхояш дарк мекардам ки чи дардхое дар сина ва чи андешахое дар сар дорад.Худованд уро биёмурзад ва бихишти барринро маъвояш намояд. Омин ё Рабб.
________________________________________
Ном: Некварз аз: Машхад
04.01.2010 14:18
Некварз

Хабари даргузашти ногахонии Мухаммадрахими Сайдар -инсони шариф, донишманди дилогох ва рузноманигори миллатдуст мо алокамандонашро ба суг нишондааст.Чои у дар сахнаи рузгори ин аёми Точикистон ,ки аз хар тараф хадафи тамаьхо ва гаразхои бадхохон карор гирифтааст , ба таври хос холи аст.Акаи Мухаммадрахим аз чумлаи андак миллатдустони вокеи буд ва дар ин арса уро метавон танхо бо бузургузаштагоне чун Устод Тохир Абдучаббор, Нафасбеки Рахмони ,Искандари Хатлони ва Имомназари Холназар харадиф донист.Марги у хушдорест барои хамаи сохибназарон ва рушанфикрони точик,ки ба худ оянд ва то метавонанд аз фурсати умре,ки Худованди маннон барояшон ато карда дар чихати хидмат ба кишвару миллат бикушанд,даст аз махалбозихо ва дагалбозихо бардоранд ва дар ташаккули Миллат ва давлатдории милли сахм бигиранд.....!!!
Мухаммадрахими Сайдар дар навиштан сабку саликаи хосе худро дошт,ки самимият,садокат,андеша ва дилсузи ба Механу Миллат аз вежагихои ин сабк аст. Ин вежагихо дар зиндагии шахсии у низ тачассум ёфта ва ошноёну дустонро шефтаи ин шахсияти дустдоштани карда буданд.Ба хамин далил аст,ки хар ки аз марги у огох шуд,андухноки гамин аст...
Сазовор ва зарури аст,ки хукумат ва чомеаи адаби ва рузноманигории Точикистон барои гиромидошти хотираи Мухаммадрахими Сайдар барномахое руи даст гиранд.У дар хар чое ,ки буд (радиои Точикистон,Садои Хуросон,радои Озоди....) беиддио ва холисона барои сарбуландии точикон ва иззату шарафи Точикистони азиз талош мекард ва хакки табииаш аст,ки кадрдони шавад.
Дар поён аз кавли шоир ва рузноманигор Бехрузи
Забехуллох- дар суги Мухаммадрахими Сайдари зиндаёд мегуем:

Рафтиву зи рафтанат замон гамгин аст
Пар-пар задани парандагон гамгин аст

Дар гушаи боги мо,ки булбул мехонд
Бечора зи гулхои хазон гамгин аст

Бегам набувад диле агар гил набувад
Гам низ зи марги ногахон гамгин аст
________________________________________
Ном: Нурали аз: Маскав
04.01.2010 15:20

Даргузашти як шахси фозил ва инсони комил, инчунин нависанда ва рузноманигори шинохтаи точик калби якояки хамватанонро озурда гардонд. У намояндаи мактаби нависандаги ва рузноманигории давраи Шурави ва давраи гузаришу кунунии Точикистон буд. Бо тачрибаи зиёд ва дониши кави хамеша талош меварзид, вокеиятро ба мардум расонад. Суханони зебо ва лахни оромаш дар дили шунавандагон чойгузин гардиданд. Вале, кунун ин садо ба якбораги канда шуд.Ва дар охир аз забони хаким Фирдавси мегуям, ки
Худоё бубахшой гунохи варо
Биафзой дар хашр чохи варо!
________________________________________
Ном: Махмадали аз: Красноярск
04.01.2010 15:20

Ба номи Аллохи бузург! Инна лилахи ва инна иллахи рочиун!!! Ба ахли хонаводагии Мухаммадрахими Сайдар хамдарди изхор намуда сабри чамил хохонам. Бисер шахси озодандеш, бохирад, часур ва озодсухан буд. Шахсан бо мархум ошнои надоштам, лек ахборе, ки дастраси мо менамуд хело чихати тахлил амик, саривакти буданд.
________________________________________
Ном: Хабиб аз: Русия
04.01.2010 15:22

Рухат шод бод, ай азиз!
________________________________________
Ном: Дустмухаммад аз: шахри Душанбе.
04.01.2010 15:41

Бузургон хар кучо овора миранд,
Ба тадбиранду худ бечора миранд!
Чавонмарганд мардони унарманд,
Валекин нокасон садсола миранд!
Худованд хонаи охирататро обод гардонад дусти азиз! Ном: Tojik аз: Amriko

________________________________________

04.01.2010 16:37

Nomi mardoni ba monandi Muhammadrahimi Saidar abadist. Joyash jannat shavad.
Hamdardii manro ba ahl oilai Muhammadrahim birasoned.
________________________________________
Ном: Аъзами Хучаста аз: Машхад
04.01.2010 17:39

Ба номи Худо
Мутаасифона ифтихори дидор бо Мухаммадрахимро надоштам,аммо бо каламаш ва садояш ошно будам.Аз дардхо мегуфт ва бо дард мегуфт.Шукуфойии Точикистон ва таъолии миллати точикро орзу дошт. Бе шак, Сайдар яке дигар аз курбониёни хамон чанги нангинест, ки дар поёни асри 20 ба миллати точик тахмил шуд. Чанге ки калбхои мисли калби Сайдар хассосро захми кард ва имруз он захмхо аз худ дарак медиханд.
Худо рахматаш кунад!
________________________________________
Ном: dur az vatan аз: sweden
04.01.2010 17:59

khudovamd rahmatat kunad va joyatro dar jannatul firdavs qaror dihad omin ya rabal olamin, inast gardishi zindagi yak ruz meoemu yak ruz merem. dar haqash duo kuned az mo yagona chizeki ba u merasad duo ast, khudovand ba ahlu farzandonash sabru tahamul dihad omin yo rabbal olamin
________________________________________
Ном: Далер
04.01.2010 18:47

Равонаш шод бод! Инсони хубе буд.
________________________________________
Ном: Умед Ҷайҳонӣ аз: Маскав
05.01.2010 16:58

Парерӯз бузургвор устодам Муҳаммадраҳим Сайдарро аз даст додам... Даргузашташ бовар карданӣ нест. Гӯё ҳамин дирӯз дар коргоҳи радиои “Озодӣ” нишаста будему гузориш омода мекардем... Вай маро ҳам кор ёд медод ва ҳам дарси зиндагӣ меомӯхт. Аз устод дархост карда будам, ки дидаву донистаҳояшро дар бораи талошу кӯшишҳои ӯву ҳамандешону ҳампешагонаш барои мондгории забону фарҳанги тоҷикӣ дар замони шӯравӣ, озодиву оромиву ободии тоҷику Тоҷикистон ва пешомаду пайомадҳои ҷанги таҳмилӣ барои ҷавонону ояндагон ёддошт кунад. Дархостамро пазируфта буд ва ният дошт дар бознишастагӣ ёддоштҳояшро нависад. Дареғо ки умраш вафо накард ва он ҳама донистаниҳоро бо худ бурд... Ҳануз ҳам бовар намекунам, ки дигар ҳаргиз устодамро нахоҳам дид ва овозашро аз гӯшии телефону радио нахоҳам шунид... Аммо номи неку ёди неку достону навиштаву гузоришҳояш ҳамеша бо мо хоҳанд буд.

Даргузашташро бар хонаводаву хешу табору дустону ҳамкорону хонандагону шунавандагонаш таслият мегӯям ва аз Худованд барои ҳама сӯгдоронаш шикебоиву бурдборӣ хоҳонам. Худованд биёмурзадаш ва дар биҳишт ҷояш диҳад. Равонаш шод бод!

________________________________________
Ном: Фарход аз: Исфара
04.01.2010 21:13

"Мо хама аз они Худоем, ва ба суйи у баргарданда хастем". Вокеан марги Мухаммадрахим мусибати бузурге аст. Ба парвардигор дуо мекунам ки Мухаммадрахимро рахмат кунад, ва ба аъзои оилаашон сабри чамил ато фармояд, ба тамоми коркунони радиои озодй низ хамдардии худро иброз мекунам.
________________________________________
Ном: Мусо аз: Русия
04.01.2010 21:36

Илохо чояш чаннат бод! Ва ба наздиконаш сабри чамил ато фармояд.
________________________________________
Ном: Sargardon аз: Ghurbat
04.01.2010 23:43

Ruhashon shod bodu qabrashon purnur!!!
________________________________________
Ном: shogerd аз: kuwait
04.01.2010 23:44

salomu alaikum ... man ba hamai korgaroni radoi ozodi va ahlu oilai in ruznomanigor tasliyat gufta ... va az khdovand baroyash talabi omurzsihsh dorem ....
________________________________________
Ном: САФАР аз: ДУШАНБЕ
04.01.2010 23:52

ХУДО РАХМАТ КУНА ШУМОЯ АКА
________________________________________
Ном: Фируз аз: Москав
05.01.2010 08:38

Банда замоне як дафъа бо ин марди бузург хамсухбат шуда будам ва маро хеле сухбати самимияш хуш омада буд. Хело афсус мехурам аз марги ин бародар. Ва аз калби пок ба хешу табори ин хирадманд ва ба хамаи шумо коргардони радиои озоди хамдарди баен мекунам.Илохо рухаш дар чаннат шод бошад.
________________________________________
Ном: Абдуллох аз: Хучанд
05.01.2010 08:59

Ман хам хамчун як узве аз хонандагони радиои озоди хамдардии худро нисбати марги Муҳаммадраҳими Сайдар баён менамоям. Аз даргохиХудованд барои хамаи кормандони радиои озоди ва хонаводаи мархум Муҳаммадраҳими Сайдар сабр хохонам. Худованд чояшро чаннат бигардонад. Омин.
________________________________________
Ном: беном аз: беватан
05.01.2010 09:19

Хайф аст ки чавонмардони мо гуррамарг мемиранд ва ин шахр холии холист, хатто чавонмарде нест, ки лоакал кумак накунад хам халал бар кору зиндагии миллати бемор нарасонад...
Хайфи дунёву хайфи хамзисти бо ин гуна одамон.
Худо биомурзад чун Мухамадрахим мардони шарифу накуномро...
________________________________________
Ном: Усмон аз: Душанбе
05.01.2010 09:43

Ман шунавандаи доимии маводхои рахматй будам. Бо часорати бузурге аз хукукхои мухочирин химоят мекард. Афсус,ки бо ин садои чолиб дигар намешунавем, ки Мухаммадрахим чй гуна дар химояи точикон ба чанг меояд. Мисле ки боли =Озодй= дар Русия заъиф гашт.Худо рахмат кунад!
________________________________________
Ном: Точик
05.01.2010 14:06

Чи лахзаи гамангезе буд... Як марди равшандил моро тарк гуфт. Рухаш шод бод!
________________________________________
Ном: Bahriddin аз: Turkiyo
05.01.2010 14:57

Рухаш шод бод!
________________________________________
Ном: Дидор
05.01.2010 15:02

Даргузашти ин марди бузург барои хамаи Точикистониён гамангез аст.
Маги Мухаммадрахими Сайдар сахтарин курбонии чанги шахрвандист.

Доде хазорсолахо курбони,
Чонхо зи барои Ватани армони.
Дарё, дарё бирехт хуни точик,
Эй чарх магар ба хуни мо гардони.
________________________________________
Ном: Hoji аз: Amriko
05.01.2010 15:13

Худо рахмату магфираташ кунад
________________________________________
Ном: Vatandust
05.01.2010 15:43

Ruhat shod barodari aziz okhiratat obod bod tu budi yak mardi durandesh zamona turo karda marizu darvesh ruhat shod bod!
________________________________________
Ном: Мухаммадназар Мирзода аз: санкт-Петербург
05.01.2010 16:37

Дар сугвории Устод Мухаммадрахими Сайдар.

Дар мазори мо гарибон не чароге, не гуле,
Не пари парвона сузад, не садои булбуле.

МАХФИ

Сад оху дарег ровии ин махфили мо рафт,
Ногуфта хазорон сухани мехру вафо рафт,
Дар гурбату дар беватани софу адо рафт,
Бо рангу рухи зарди зарандуда азо рафт,
Аз Гарм сафар карду ба Раштони бако рафт,
Озодсухангуи дилу гушу садо рафт.

Он ёр ки дидору дилаш давлати мо буд,
Неку сухану нек раву нек садо буд,
Дар илми маониву адаб дидабаро буд,
Дар хар хабараш васви гарибони худо буд,
Дарди дили сад хамватани бесару по буд,
Сад захм дар он дидаву дил аз бари мо рафт.

У булбули саргаштаи сад богу чаман буд
Хар чо ки сафар кард дилаш суи Ватан буд,
У марди ба фархангу ба номусу ба фан буд,
Хар руз ба сад хотира фарьёд расан буд,
Озурда дил аз рузи гарибони ватан буд,
Холо ки ба анчоми сафар суи Худо рафт.

Сайдар ки дараш Шахринави калъаи Исток,
Уро ки ?Сиях об? бипарвардаву ин хок,
Инхо хама имруз ба дарди дили гамнок,
Ёрону бародар хама бо синаи садчок,
Сад оху фигон аз дили ёрон ба дили пок,
Сад дод ки доди сухани сулху сафо рафт.

Он марди хирадпеша хирадпора забон дошт,
Дур аз Ватани хеш ?ПАЁМ?-е зи Каён дошт,
Озурдаву ранчуру хазон кори замон дошт,
Хар руз зи асрори чахон гуфту гумон дошт,
Дар сад дилу сад дидаи чомиа макон дошт ,
Бе савмааву чомиа бо дасти дуо рафт.

Мухаммадназар Мирзода ш.Санкт-Петербург 04.01.2010с
Чаъмияти точикони Санкт-Петербург
________________________________________
Ном: БАРОДАР ВА ШОГИРД аз: ТОЧИКИСТОН
05.01.2010 16:48

БИГЗОР ТО БИГИРЯМ, ЧУН АБР ДАР БАХОРОН,
К-АЗ САНГ НОЛА ХЕЗАД РУЗИ ВИДОИ ЁРОН...

ИНОЛИЛЛОХИ ВА ИНО ИЛАЙХИ РОЧИУН.
________________________________________
Ном: Fors аз: Europe
05.01.2010 18:02

Ruhat shod va makonat Jannati Firdavs bod ustod

XS
SM
MD
LG