Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Восеъ: Марги мармузи сарбоз


Наздикони сарбози ҳалокшуда дар ноҳияи Восеъ марги фарзанди худро куштори барқасдона унвон кардаанд.

Нуралӣ Тешаев, падари сарбози марҳум, мегӯяд, онҳо аз рафтору кирдори мақомоти марбута ба чунин хулоса расида, хостори тафтиши воқеии ин қазия ҳастанд.

Вай меафзояд, ҳалокати фарзандаш бо либосҳои ғайринизомиву берун аз қисми ҳарбӣ ва дар ниҳояти кор латтукӯби наздикону пайвандони марҳум аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия шубҳаи онҳоро зиёд мекунад. Аз ин рӯ онҳо талош мекунанд, то ин қазия ҷиддӣ баррасӣ гардад ва афроде, ки дар марги фарзанди ӯ ва латтукӯби наздиконаш даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Замоне ки онҳо хостаанд, то аз воқеияти қазия огаҳӣ пайдо кунанд, мавриди латтукӯби кормандони комиссариати ҳарбӣ қарор гирифтаанд ... ва дандонҳои падари сарбоз шикаста ва ӯву бародари дигараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд ...
Дар ҳамин ҳол Саидалӣ Тешаев, наздики дигари сарбози ҳалокшуда, мегӯяд, замоне ки онҳо хостаанд, то аз воқеияти қазия огаҳӣ пайдо кунанд, мавриди латтукӯби кормандони комиссариати ҳарбӣ қарор гирифтаанд. Оқои Тешаев меафзояд, аз ин латтукӯби кормандони комиссариат дандонҳои бародари ӯ, яъне падари сарбоз, шикаста ва ӯву як бародари дигараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Аммо Маҳмадсаид Насимов, додситони ноҳияи Восеъ, мегӯяд, таҳқиқи онҳо нишон медиҳад, ки сарбоз дар пайи як садамаи нақлиётӣ, ки дар он се тани дигар низ маҷрӯҳ гардидаанд, ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи ӯ, фарзияе, ки гӯиё сарбоз кушта шудааст, овозае беш нест ва ҳақиқат надорад.

Додситони ноҳияи Восеъ мегӯяд, садамаи нақлиётӣ як ҳодисаи тасодуфӣ ба шумор меравад ва онҳо дар мавриди ҳодисаи латтукӯби наздикони сарбози ҳалокшуда парвандаи ҷиноӣ боз хоҳанд кард.

Султон Валиев, раиси ноҳияи Восеъ, гуфт, онҳоро ин қазия нигарон кардааст ва талош менамоянд, то дар ин ҳодиса ҳақ ба ҳақдор бирасад.

Аммо дар мавриди латтукӯб шудани наздикони сарбоз аз сӯи кормандони комиссариати ҳарбӣ масъулини ин ниҳод ҳозир нашуданд, бо мо сӯҳбат кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳодисаи марги сарбози қисми ҳарби ноҳияи Восеъ шаби 31-уми декабр дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ба вуқӯъ пайвастааст.

Барои ошно шудан ба ин қазия Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои кишвар, ба ин ноҳия сафар карда, ба наздикону пайвандони ин сарбоз изҳори тасаллият кардааст. Ва аз ҷониби Вазорати дифои кишвар ба хонаводаи марҳум 12,5 ҳазор сомонӣ кумак расонида шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG