Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ислоҳот дар бахши амнияти Амрико


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ба хотири таҳкими тадбирҳои зиддитеррористӣ баъди як кӯшиши бомбугзорӣ кардани ҳавопаймое дар рӯзи таҷлил аз милоди Масеҳ бояд бо мақомоти баландпояи амниятии кишвараш мулоқот кунад. Қарор аст Обама баъди дидораш бо раҳбарони хадамоти кашф, зидди терроризм ва амнияти дохилӣ дар бораи роҳандозии як қатор ислоҳот дар бахши ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои террористӣ хабар диҳад. Баъди ҳодисаи рӯзи 25 декабр, ки як марди 23-солаи зодаи Нигерия талош кард дар ҳавопаймое дар масири Амстердам-Детройт як маводи мунфаҷираро ба кор андозад, мақомоти амрикоӣ чандин тадбири ташдидкунандаи чораҳои амниятиро ба роҳ монданд. Дар таҳаввулоти ҷудогона гуфта мешавад, ки сафорати Амрико дар Яман баъди ду рӯзи баста шуданаш дубора дарҳои худро боз кард. Сохтмони ин сафорат рӯзи якшанбе баъди таҳдиди Ал-Қоида баста шуда буд.
XS
SM
MD
LG