Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи куштори афсарони CIA то ба Ал-Қоида бурд


Низомиёни амрикоӣ дар вилояти Хусти Афғонистон
Низомиёни амрикоӣ дар вилояти Хусти Афғонистон

Расонаҳои амрикоӣ мегӯянд маргталабе, ки ҳафт корманди Оҷонсии марказии истихборот ва як афсари хадамоти кашфи Урдунро дар Афғонистон куштааст, ҷосуси дутарафае аз Урдун будааст.

NBC News дар нақли қавл аз мақомоти кашфи ғарбӣ хабар медиҳад, нафаре, ки бо исми Ҳумом Халил Абу Мулол Ал-Балавӣ шинохта шудааст, як духтури 36-солаи урдунӣ аз шаҳри Зарқо будааст.

Гузоришҳо ҳокист, ки ӯ як тарафдори Ал-Қоида буда, вале баъдан боздошт ва тавассути хадамоти кашфи Урдун барои ҳамкорӣ ҷалб шудааст. Яке аз супоришҳои аслии ӯ ворид шудан ба сафи Ал-Қоида ва мушаххас кардани маҳалли будубоши нафари дуюм дар ин шабакаи террористӣ Аймон Аз-Завоҳирӣ будааст.

Тибқи гузоришҳо, мақомоти Урдун мутмаин буданд, ки ин мард ба ҷониби урдуниҳову амрикоиҳо гузаштааст, вале дар ниҳоят маълум шудааст, ки вай ҳеҷ гоҳ узвияти ин созмони террористиро тарк накарда буд.

Гуфта мешавад, ки ин бомбгузор марди урдунитабор буд, ки аз ҷониби хадамоти кашф соле пеш боздошт шуд. Баъдан ӯ чун ҷосус бо ҳадафи ворид шудан ба ҳайати раҳбарии Ал-Қоида аз ҷониби хадамоти кашф дарс гирифт. Фаъолияти баъдии ӯ дар Афғонистон то замони мунфаҷир шуданаш дар пойгоҳи Оҷонсии марказии истихборот рӯзи 30 декабр идома кардааст.

Ҳамлаи маргбор ба кормандони CIA

Дар паи ҳамлаи ин ҷосус дар пойгоҳе воқеъ дар вилояти шарқии Хост ҳафт корманди Оҷонсии марказии истихборот ва як афсари иктишофии урдунӣ ба ҳалокат расиданд. Хабаргузории Ассошейтед Пресс дар нақли қавл аз як мақоми собиқи хадамоти кашфи Амрико мегӯяд, ки дар миёни қурбониҳо чаҳор афсари Оҷонсии марказии истихборот ва се горди амниятӣ буданд.

Матбуоти амрикоӣ дар нақли қавл аз мақомоти кашфи ғарбӣ хабар медиҳад, нафаре, ки бо исми Ҳумом Халил Абу Мулол Ал-Балавӣ шинохта шудааст, як духтури 36-солаи урдунӣ аз шаҳри Зарқо будааст. Зарқо зодгоҳи раҳбари кушташудаи Ал-Қоида дар Ироқ Абу Мусаб Аз-Зарқавӣ мебошад.

Шабакаи NBC News, ки аввалин шуда ин хабарро дастраси умум гардонд, мегӯяд, Ал-Балавӣ пеш аз боздошташ муҷрии форуми интернетии Ал-Ҳизба будааст, ки ҳамчун чатхонаи Ал-Қоида маъруф будааст. Ҳоло ин форум бекор карда шудааст.

Хадамоти кашфи Урдун мегӯяд, ки ин мардро баъдан ба ҳайси ҷосус ҷалб карда, ӯро бо супориши вижаи пайдо кардани маҳалли будубоши Аймон Аз-Завоҳирӣ, шахси рақами ду дар шабакаи Ал-Қоида муваззаф кардааст. Тибқи гузоришҳо, Ал-Балавӣ он рӯз ба пойгоҳи Оҷонсии марказии истихборот бо баҳонаи пешкаши маълумоти бештар роҷеъ ба буду боши Аз-Завоҳирӣ ворид шудааст.

Интиқод аз кори ходимони кашфи ИМА

The Washington Post хабар медиҳад, ки он рӯз Ал-Балавиро бо мошине аз беруни пойгоҳ бидуни тафтишу таҳқиқи мӯшикофона оварданд. Тибқи гузоришҳо, як афсари урдунӣ, ки дар ҳамлаи ҳафтаи гузашта кушта шуд, нафаре буд, ки ба ӯ Ал-Балавӣ оид ба маълумоти ҷамъовардааш гузориш медод. Исми ин капитан, ки аз хонаводаи шоҳӣ будааст, ҳамчун Алӣ Бин Зайд шиносоӣ шуд.

Ҳанӯз мақомоти Урдун таъйид накардаанд, ки бомбгузор Ал-Балавӣ урдунӣ буда, афсар Аз-Зайд барои оҷонсии истихборот кор мекард.

Урдун танҳо давлати арабӣ аст, ки ба нирӯҳои эътилофии таҳти раҳбарии ИМА дар Афғонистон саҳмгузорӣ кардааст. Дар ҳайати ин нирӯҳо, бар тибқи иттилои НАТО, 90 сарбози урдунитабор хизмат мекунанд.

Дар ҳоле, ки Оҷонсии марказии истихборот аз шарҳи ин гузоришҳо худдорӣ кардааст, раиси хадамоти кашфи Амрико кори тобеони худро дар Афғонистон бо лаҳни шадид танқид кардааст.

Дар гузорише, ки рӯзи душанбе аз ҷониби Маркази нави амниятии Амрико, як созмони таҳқиқоти низомӣ ба нашр расид, генерал-майор Майкл Флинн гуфт, ки ходимони кашфи Амрико дар Афғонистон ҳамоно “омода нестанд ба саволҳои бунёдӣ дар бораи муҳити кори нирӯҳои амрикоӣ ва эътилофӣ ва нафароне, ки таҳти ҳимоят ва пайгарди онҳо қарор доранд, посух диҳанд”. Флинн мақомоти кашфи амрикоиро чун “ноогоҳ аз хоҷагиҳои маҳаллӣ, заминдорону ва шахсиятҳои бонуфузи ин минтақа” танқид кардааст.

XS
SM
MD
LG